Jump to content

Виниласетилен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Виниласетилен
Общие
Хим. формула C₄H₄
Таснифот
Рег. номер CAS 689-97-4
PubChem
Рег. номер EINECS 211-713-3
SMILES
InChI
ChEBI 48088
ChemSpider
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного.

Виниласетилен, бутенин, HC ≡ C – CH = CH2 — як навъ карбогидриди беҳадди содатарин, ки бандҳои карбон-карбони дучандаву сечанда дорад; гази беранг; t ҷӯшиш 5,5°С, зичиаш 0,6870 г/см3 дар 0°С. Виниласетиленро дар натиҷаи димеризатсияи асетилен зери таъсири намакҳои мис дар маҳлули хлориди аммоний (50 – 100°С) ҳосил мекунанд:

2CH ≡ CH → CH ≡ C – CH = CH2

Виниласетилен зуд ба реаксия ворид мешавад; атоми гидрогени канории гурӯҳи CH мумкин аст ба филиззот, галогенҳо, MgX (Х–галоген) ва ғ. иваз гардад. Реаксияи нисбатан муҳим реаксияи виниласетилен бо HCl аст. Дар натиҷаи он хлоропрен ҳосил мешавад, ки онро барои синтези каучуки хлоропренӣ истифода мебаранд. Виниласетилен зуд оксид ва полимеризатсия мегардад.