Вирд
Вирд (ар. ورد — таб, таби ба навбат, навбати таб, ҷамъаш аврод) — чизеро доим ба забон овардан ва гуфтан, пайваста ва ҳамеша такрор кардани калима, ибора, ҷумла, байти шеър, дуоҳо ва амсоли ин.
Ҳар пораи муайяни Қуръон низ вирд аст. Вирд ба маъноҳои тариқат, ниёиши махсус ва дуои ҳатмии тариқат низ корбурд мешавад. Вирд асоси тариқат буда, дар як ё чандин ниёиш ва силсилаи дуоҳо дарҷ гардидааст. Лафзи вирд дар ибтидо барои ифодаи вақти муайяне, ки суфӣ ба Худованд мебахшад, истифода мешуд, вале минбаъд он бо зикр ва ҳизб, ки дар ин ҳолат анҷом дода мешуданд, муродиф гардид. Вирд шакли қолабӣ надошта, аз зикрҳо ва ҳизбҳо — ниёишҳое иборат аст, ки бахшҳои умдаи онҳоро пораҳои оёти қуръонӣ ва асмоулҳусно ташкил медиҳанд. Пешвоёни тариқатҳо барои муридонашон авроди махсус таҳия карда буданд; ҳар шохаи тариқат дар минтақаҳои гуногун авроди худро дошт, ки дар баъзе мавридҳо матнҳои онҳо аз ҳамдигар фарқ мекарданд. Ҳар мусулмон аз авроди мазкур истифода бурда метавонад. Чунончи, «Авроди фатҳия»-и Мирсайид Алии Ҳамадонӣ маъруф буда, аз ҷониби оммаи васеи мусулмонон истифода мешавад.
Тибқи маълумоти Абдурраҳмони Ҷомӣ («Нафаҳоту-л-унс»), вирди Самнун ал-Муҳиб дар шабонарӯз панҷсад ракъат намоз буд; Муҳаммад ибни Фоза ҳар рӯз се хатми Қуръон вирд дошт; вирди Абдуллоҳи Ансорӣ дар шабонарӯз дувист фасл дуо буд.
Лафзи вирд дар шеър фаровон корбурд шудааст:
Шеъри Низомӣ шакарафшон шуда,
Вирди ғизолони ғазалхон шуда.Низомӣ
Ба ҳеч вирди дигар нест ҳоҷатат, Ҳофиз,
Дуои нимшабу дарси субҳгоҳат бас.Ҳофиз
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вирд / С. Маҳмадуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.