Вирилизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вирилизм (лот. virilis — мардона, хосси мард), мардсимоӣ — дар занон ташаккул ёфтани нишонаҳои хосси мардҳо (ришу мӯйлаб, овози ғафс, мушаку устухонҳои қавӣ).

Сабаби вирилизм дар таркиби хун афзудани ҳормони андроген (тавлидкунандаи хислатҳои мардӣ) аст. Андроген дар натиҷаи фаъолияти номураттаби ҳипофиз, қишри ғадудҳои болои гурда ва тухмдони зан аз меъёр зиёд ҳосил мешавад. Ҳангоми вирилизм кори тухмдон суст, андозаи узвҳои ҷинсӣ ва ғадуди сина хурд гашта, давраи ҳайз халал меёбад. Вирилизмро духтур табобат мекунад. Дар баъзе мавридҳо ҷарроҳӣ ногузир аст

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]