Jump to content

Вис ва Ромин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вис ва Ромин
Шакли асари халлоқона шеър[d]
Падидоваранда Фахриддин Гургонӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Манзумаи «Вис ва Ромин» (форсӣ: ویس و رامین‎) — аз шоҳкорҳои адаби форсӣ ва ҷаҳон, ки сурудаи Фахруддини Гургонӣ аст. Асли «Вис ва Ромин» аз таълифоти давраи Ашкониён мебошад.

Дар бораи маҳалли пайдоиши достони Фахруддини Гургонӣ андешаҳо гуногунанд. Баъзеҳо ба он гумонанд, ки шоир ривояти мансури паҳлавии қиссаро ба назм даровардааст; дигарон бар ин андешаанд, ки Гургонӣ достони худ- ро дар заминаи ривоятҳои манзуми «Вис ва Ромин»-и дар адабиёти форс-тоҷик мавҷуд эҷод намудааст. Мувофиқи маълумоти «Маҷмаъу-т-таворих» дар аҳди Шопури Ардашер ин қисса маъруф будааст. Достони «Вис ва Ромин»-и Гургонӣ солҳои 1042-54 дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (мафои-лун, мафои-лун, фоӯлун V---/V---/V--) назм шуда, тақр. аз 10000 байт иборат аст. Симоҳои асосии достон намояндагони хонадони шоҳаншоҳи Марви Шоҳҷон — Мубад, Зард, Ромин ва хонадони Моҳобод — Шаҳрӯ, Қоран, Вис ва Виру мебошанд. Шоир зимни тасвири саҳнаҳои ишқӣ қабоҳати зиндагии аъёну ашрофи замони худро ба тариқи ҳаҷву мазҳака намоиш додааст. Достон бо ғалабаи адолат ба поён мерасад. «Вис ва Ромин»-и Гургонӣ дар асри 17 аз тарафи Саргис Тумогвелли ба гурҷӣ тарҷума шудааст, ки бо номи «Висрамиани» машҳур аст. Шоҳ Арчилл дар асрҳои 17-18 онро ба назм даровард. Соли 1914 О. Уордрон «Вис ва Ромин»-ро аз гурҷӣ ба англисӣ тарҷума кард. Ба забони русӣ достон соли 1938 тарҷумаву нашр шуд. Аз «Вис ва Ромин»-и Гургонӣ нусхаҳои дастнависи кам боқӣ мондааст. Матни асосии достонро аввалин бор шарқшинос Нассау-Лис (Калкатта, 1864-65) таҳияву тадвин намуда, чоп карда буд. Баъдтар матни интиқодии онро адабиётшиноси эронӣ Муҷтабо Минавӣ (Т., 1937) ба табъ расонд. Ниҳоят матни интиқодии нави «Вис ва Ромин»-и Гургониро адабиётшиносони гурҷӣ А. Гваҳария ва М. Тодуа таҳия карданд, ки бо ҳамкории ин-тҳои шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Гурҷистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо пешгуфтори К. Айнӣ) ва Бунёди фарҳанги Эрон соли 1970 дар Теҳрон ба табъ расид.

  • Вис ва Ромин / Ҷ. Азизқулов, А. М. Хуросонӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.