Jump to content

Вишванатан Ананд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вишванатан Ананд
там. விசுவநாதன் ஆனந்த்
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Ном ба ҳангоми таваллуд там. விசுவநாதன் ஆனந்த்[4]
Кишвар
Тахассус шоҳмот
Зодрӯз 11 декабр 1969(1969-12-11)[2][3] (54 сол)
Зодгоҳ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вишваната́н (Ви́ши) Ана́нд[6] (там. விசுவநாதன் ஆனந்த்; тав. 11 декабри 1969, Мадрас, ҳозира Ченнаи, Ҳиндустон) — шоҳмотбози машҳури ҳинду, гроссмейстер (1988), чемпиони ҷаҳон аз рӯи версияи Федератсияи байналхалқии шоҳмот (ФИДЕ) (20002002), чемпиони 15-уми ҷаҳон (20072013), чемпиони кунунии ҷаҳон аз рӯи рапид[7].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба шоҳмотбозӣ аз 6-солагӣ шурӯъ кардааст; аввалин устоди ӯ модараш буд. Баъд Вишванатан Ананд пурзӯртарин шоҳмотбози Ҳиндустон гардид. Соли 1983 дар мусобиқаи наврасони Ҳиндустон ғолиб омад. Вишванатан Ананд ҷавонтарин шоҳмотбози Ҳиндустон буд, ки дар 14-солагӣ унвони устоди байналмилалиро соҳиб гашт. Дар 16-солагӣ чемпиони Ҳиндустон шуд ва дар оянда ин унвонро ду бори дигар ба даст овард. Соли 1988 Вишванатан Ананд дар Ҳиндустон нахустин гроссмейстери байналмилалӣ шуд. Вишванатан Ананд пайиҳам дар се мусобиқаи «шоҳмоти пешрафта» (1999, 2000 ва 2001, дар шаҳри Леони Испания) ғолиб омадааст. Дар чемпионати якум ва дуюми Ҷоми ҷаҳони Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФБШ) ғолиб гардид (2000, Хитой; 2002, Ҳиндустон). Соли 2000 дар чемпионати ҷаҳон оид ба намуди системаи нокаут ғалаба ба даст оварда, чемпиони ҷаҳон дар версияи ФБШ гашт. Октябри 2000 ФБШ мусобиқаи бозии сареи шоҳмотро ташкил кард (Фаронса), ки Вишванатан Ананд дар даври ниҳоӣ В. Крамникро мағлуб сохта, ғолиби ин мусобиқа гардид. Вишванатан Ананд 11 бор ғолиби мусобиқаи машҳури бозии сареи шоҳмот шудааст. Ӯ аз соли 2007 чемпиони ҷаҳон тибқи версияи ФБШ буда, дар мусобиқаҳои солҳои 2008 ва 2010 ин мақомро ҳифз намудааст.Вишванатан Ананд 6 бор ҳамчун шоҳмотбози беҳтарини сол ҷоизаи «Оскари шоҳмот»-ро соҳиб шудааст (1997, 1998, 2003, 2004, 2007, 2008). В. яке аз 6 шоҳмотбози таърихи шоҳмот аст, ки то кунун (2014) ба рейтинги болотар аз 2800 расидааст (ҳамроҳи Б. Фишер, Г. Карпов, В. Топалов, В. Крамник ва М. Карлсон). Вишванатан Ананд ба қавли гроссмейстер П. Свидлер «дар санъати дифоъ дар ҷаҳон беназир аст».

  • Шахматы. Энциклопедический словарь. М., 1990;
  • Калиниченко Н. М. Виши Ананд: Лучшие партии. Серия: Элита современных шахмат. Астрель, 2004;
  • Вишванатан Ананд. Мои лучшие партии. Шахматная исповедь чемпиона мира. М., 2009.