Jump to content

Виқори Шерозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Виқори Шерозӣ
форсӣ: احمد وقار
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хаттот

Мирзо Аҳмади Виқори Шерозӣ (форсӣ: احمد وقار‎; 1816/17, Шероз – 1880/81, ҳамон ҷо) — хаттот ва хушнависи эронӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳсилоти ибтидоиро дар Шероз шурӯъ намуда, дар улуми адабӣ ва ҳикмат машҳур шуд. Дар ҳунари шеър даст ва дар иншо маҳорат дошт. Пас аз марги падар бо бародари кӯчаки худ Мирзо Муҳаммадҳаким ба Ҳиндустон рафт ва як сол дар Бомбай таваққуф намуда, дар ҳамон ҷо «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро бо хатти зебо китобат ва чоп кард. Вақте ки Аҳмади Виқор дар Бомбай буд, ҳокими Форс Фирӯз Мирзо Нусратуддавла ӯро ба Эрон бозхонд. Виқор дар Шероз ба хидмати ҳоким буд. Соли 1857/58 ба Теҳрон омад ва ба дарбори Носируддиншоҳ роҳ ёфта, мавриди таваҷҷуҳи ӯ гардид ва пас аз андак таваққуф бо иззату эҳтиром ба Шероз бозгашт. Соли 1290 аз роҳи Бӯшаҳр ба зиёрати ҷойҳои муқаддас рафт. Пас аз як сол аз роҳи Кирмоншоҳ ба Шероз бозгашт ва дар ҳамон ҷо даргузашт.

Аҳмади Виқор ҷуз настаълиқ хатҳои насх, риқоъ ва шикастаи настаълиқро устодона менавишт. Бахусус дар хатти насх ба шеваи Мирзо Аҳмади Назирӣ дар асри худ беназир буд. Ӯ дар анвои мухталифи хат осори зиёде боқӣ гузоштааст. Аз хатти настаълиқи вай тарҷумаи форсии чанд Қуръон, аз ҷумла Қуръоне, ки соли 1864/65 бо хатти зебо китобат шудааст ва дар китобхонаи Маҷлиси Шӯрои Миллии Эрон (дар Теҳрон) маҳфуз мебошад, боқӣ мондааст.

  • مهدی بيانی. احوال و اثار خوشنويسان. تهران، ۱۳۴۵