Jump to content

Владиқафқоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Владикавказ)
Город
Владикавказ
осет. Дзæуджыхъæу
Нишон
Нишон
Кишвар  Русия
Роҳбар Boris Albegov[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1784
Масоҳат
  • 291 км²
Баландии марказ 692 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ Забони осетӣ ва русӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 8672
Нишонаи почта 362000–362999
vladikavkaz-osetia.ru(рус.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Владиқафқоз (русӣ: Владикавказ) — шаҳр дар Русия, пойтахти Осетияи Шимолӣ.

Дар ҳамвории Осетия, дар соҳили дарёи Терек воқеъ аст. Аҳолиаш 307,3 ҳазор нафар (бо атрофаш 330 ҳазор, 2014). Охирин истгоҳи шохаи истгоҳи роҳи оҳани Прохладная (дар шоҳроҳи Ростови лаби Дон – Боку), маркази роҳҳои автомобилгард ба Назран, Налчик, Алагир, Гудермес, Тбилиси, ибтидои роҳи Гурҷистон (ба воситаи ағбаи Салиб ба Моварои Қафқоз мебарад); фурудгоҳи байналмилалӣ (дар шаҳри Беслан) дорад.

Соли 1784 ҳамчун қалъаи Рус барои назорати роҳи ҳарбии Гурҷистон бунёд гардидааст. Аз соли 1860 шаҳр, аз соли 1863 маркази вилояти Тер. Солҳои 1921–24 пойтахти ҶМШС Горск, 1924–26 маркази Вилояти Мухтори Осетияи Шимолӣ ва Вилояти Мухтори Ингуш, аз соли 1936 пойтахти ҶМШС Осетияи Шимолӣ, аз соли 1991 пойтахти Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ – Алания. Шаҳр солҳои 1931–44 ва 1954–90 Орҷоникидзе, 1944–54 Дзауҷикау ном дошт. Дар замони ҶБВ (1941–45) дар назди Владиқафқоз лашкари Олмон торумор карда шуд.

Владиқафқоз – маркази бузурги саноатӣ ва фарҳангии Қафқози Шимолист. Соҳаҳои асосии саноат: мошинасозӣ ва филиззоти ранга. Дар Владиқафқоз заводҳои «Электроконтактор», таҷҳизоти электронӣ барои автомобилу тракторҳо, чароғҳои электрикӣ, асбобсозӣ («Гран», таъмири қатораҳо), «Электросинк» (гудозиши руҳ, сурб, волфрам, молибден, истеҳсоли даҳани фаранг, кадмий, кислотаи сулфат), «Победит» (истеҳсоли хӯлаҳои сахт), инчунин корхонаҳои саноати кимиё, сабук (фабрикаҳои пойафзор, кашбофӣ, дӯзандагӣ), хӯрокворӣ, шиша, мебелсозӣ мавҷуданд. Дар Владиқафқоз Донишгоҳи Осетияи Шимолӣ, Донишгоҳи кишоварзии Горск, донишгоҳи технологӣ, Академияи давлатии тиббии Осетияи Шимолӣ, Пажӯҳишгоҳи маводди электронӣ, Институти давлатии лоиҳакашии корхонаҳои филиззоти ранга, осорхонаҳо (таърихи шаҳр, осорхонаи ҷумҳуриявии бадеӣ, адабиёти осетинӣ), театрҳои драмаи русӣ, драмаи Осетияи Шимолӣ, мусиқӣ, лухтак фаъолият доранд.

Шаҳр дар ду соҳили дарёи Терек ҷойгир аст. Минтақаҳои асосии саноатӣ дар қисмати ҷанубӣ ва шимолии соҳили рости дарёи Терек воқеанд. Дар қисмати чапи дарё бӯстонсароҳо ва минтақаи осоишгоҳии Редант бо шифохонаҳо ва меҳмонхонаҳо, пойгоҳи сайёҳӣ ҷойгир шудаанд.

  • Семёнов Л. П., Тедтоев А. А., Кусов Г. И., Орджоникидзе – Владикавказ: Очерки истории города. Орджоникидзе, 1972;
  • История Владикавказа (1781–1990 г. г.): Сб. документов и материалов, Владикавказ, 1991;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.