Jump to content

Водии мӯрчагон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Водии мӯрчагон, водии мӯрон, водиюннамл (ар. وادي‌النمل‎) — номи водие, ки гӯё вақте Сулаймони пайғамбар бо лашкари анбуҳи худ, иборат аз ҷинну одамиёну мурғон аз он гузар мекард, мӯрчае ба дигар мӯрчагон гуфт, ба хонаҳои худ дароянд, то Сулаймону лашкари ӯ онҳоро надониста поймол накунанд. Сулаймон гуфтори мӯрчаро шунид ва табассум намуд. Номи сураи «Намл» баргирифта аз ҳамин моҷаро аст (Қуръон: 27: 17–19).

Дар достони «Сулаймон ва мӯр» («Қасасу-л-анбиё») гуфтугӯ ва саволу ҷавоби ибратомӯзе байни онҳо, Сулаймонро меҳмондорӣ кардани мӯр ва пойи малах дар пеши ӯ монданаш (армуғони мӯр) батафсил баён ёфтааст. Ба ин достон дар адабиёти форс-тоҷик низ ишора рафтааст:

Баст мӯреро камар чун мӯйи сар,
Кард ӯро бо Сулаймон дар камар.

«Мантиқу-т-тайр»

Ҳаме шарм дорам, ки пойи малахро
Суйи боргоҳи Сулаймон фиристам.

«Мирсоду-л-ибод»

Мавҷудияти водиро дар сарзамини Шом (Қатода ва Муқотил), дар Тоиф (Каъб), байни Ҷибрин ва Асқалон («Муъҷаму-л-булдон»), инчунин дар ақсо (канорҳо)-и Яман ва ғ. тахмин карда, сабаби чунин номгузорӣ шуданашро зиёд будани мӯрча дар он мавзеъ маънидод кардаанд.

Водӣ дар тасаввуф ба маънои ҳирс ва нафси ҳарис бар дунёву шаҳватҳои он, мӯрча нафси лаввома ва мӯрчагон сифатҳои нафсонӣ таъбир шудааст: «Пас, чун ба водии мӯрчагон бирасӣ (яъне: ҳирс) доманро бияфшон!» (Шиҳобуддини Суҳравардӣ. «Ҳикмату-л-ишроқ»).

  • دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ۱۵. تهران، ۱۹۹۸؛
  • محمد رضا راشد محصَل. پرتوهایی از قرآن و حدیث در ادب فارسی. مشهد، ۱۳۸۰ ش.؛
  • عثماني محمد شفيع ديوبندي. تفسير معارف القرآن. جلد ۱۴. تهران، ۱۳۸۹ ش.ر