Волаҳии Қумӣ
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Мир Муҳаммадюсуф Волаҳии Қумӣ (форсӣ: میر والهی قمی; ? — 1616) — шоир, таснифсоз ва мусиқидони форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зодгоҳаш — Қуми Эрон таҳсил карда, касби камол намудааст. Сафаре ба Ҳинд доштааст. Шоири тавоно, мусиқидону шеършинос будааст. Дар девонаш (иборат аз 6 ҳазор байт) қасоид, ғазалиёт, рубоиёт ва дигар анвои шеъри сурудааш фароҳам омадаанд. Аз обрӯву эътибори Волаҳии Қумӣ он далел низ гувоҳ аст, ки аксари тазкиранависон — Озар, Соммирзои Сафавӣ, Ҳусайни Сабо, муаллифони «Шамъи анҷуман», «Хулосату-л-ашъор ва зубдату-л-афкор», умуман зиёда аз 25 тазкиранавис дар борааш маълумот дода, намунаҳои ашъорашро сабт кардаанд. Мас., дар «Хулосату-л-ашъор» беш аз 200 байти ӯ оварда шудааст. Байти зерин аз ӯст:
Хаёли қатл, ки имрӯз дар дилат мегашт,
Ки мегузаштиву аз ғамзаи ту хун мерехт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Волаҳии Қумӣ / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.