Jump to content

Шамъи анҷуман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Шамъи анҷуман» — тазкираест, ки Сиддиқ Сайидмуҳаммади Ҳасанхон таълиф кардааст.

Соли 1875 дар Бҳупол ба табъ расидааст. Шарҳи ҳоли 971 шоирони мутааххир ва муосири муаллифро дар бар мегирад. Тартиби тазкира алифбоист. Танҳо ҳарфи аввали ном ва ё тахаллуси шоир риоя шудааст. Бо зикри Анварӣ оғоз шуда, бо Юсуфи Лакҳнавӣ ба анҷом мерасад. Тарҷумаи ҳоли муосирини муаллиф пурратар ва намунаҳо аз осорашон бештар омадааст. Зимни баёни ҳоли шоирон маъхазҳо — тазкираҳои «Тазкирату-л-муосирин»-и Ҳазини Лоҳиҷӣ, «Яди байзо», « Натоиҷу-л-афкор», «Хизонаи Омира», «Мардуми дида», «Сарви озод», «Оташкада» ва ғайра номбар шудаанд. Маъхази асосии «Шамъи анҷуман», «Арафоту-л-ошиқин»-и Тақиуддини Авҳадӣ будааст.

  • Шамъи анҷуман // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).