Jump to content

Волластон, Вилям Хайд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Волластон, Вилям Хайд
Сурат
Таърихи таваллуд 6 август 1766(1766-08-06)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 22 декабр 1828(1828-12-22)[1][2][3][…] (62 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша шимидон, физикдон, муҳандис, metallurgist, ахтаршинос
Падар Francis Wollaston[d][4]
Модар Althea Hyde[d][4]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вилям Хайд Волластон (англ. William Hyde Wollaston; 6 августи 1766 — 22 декабри 1828) — физикдон ва кимиёдони англис.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Университети Кембриҷ (1798). Котиби Ҷамъияти шоҳии Лондон (1804 — 20). Новобаста аз М. Риттер соли 1801 афканишоти ултрабунафшро кашф кард, рефрактометр (1802) ва гониометри инъикоскунандаро сохт (1809). Маншур (призма)-и қутбноккунандае, ки шуои рӯшноиро ду баробар инкисор мекунад (мешиканад), ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст. В. унсурҳои палладий (1803) ва радийро (1804) кашф карда, усули нодири тоза кардани платина, усули ба даст овардани лавҳачаҳои тунуктарин ва ноқилҳои нозуки филиззӣ (тори платинагии 0,01 мм барои визири телескоп)-ро таҳия (1813) ва ҷадвали вазнҳои эквивалентии унсурҳоро барои оксиген, ки дар он давра саҳеҳтарин буд, пешниҳод намуда, унсури галваниро ихтироъ кард, ки то ҳол номи ӯро дорад. В. дар омӯзиши минералҳо низ комёб шуда, дар ин замина шпати тахтасангӣ аз синфи силикатҳо ба ифтихори ӯ (волластонит) номгузорӣ шудааст.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Usselman M. C. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. 3.0 3.1 RKDartists (нидерл.)
  4. 4.0 4.1 Kindred Britain
  • Волластон, Вильям Хайд. Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона, СПб., 1890—1907.