Волоияти ҳуқуқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Волоияти ҳуқуқ — яке аз усулҳои идораи давлат, ки эътибори олии қонунҳо, мавқеи баланди онҳо дар низоми ҳуқуқии давлат ва мутобиқати санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро ба қонунҳои давлат ифода менамояд.

Волоияти ҳуқуқ дар эътирофи афзалияти ҳуқуқ бар сиёсат ва нақши пешбарандаи он дар фаъолияти дастгоҳи давлатӣ зоҳир мегардад. Волоияти ҳуқуқ яке аз усулҳои пешбарандаи ҷомеаи шаҳрвандии муосир буда, маънои истиқрори ҳуқуқ ҳамчун асоси муносибатҳои мутақобилаи субъектҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ дорад. Дар чунин ҷомеа ҳуқуқ арзиши олӣ шуморида шуда, инсонҳои ҷудогона, гурӯҳҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ, ба шумули давлат, ин арзишро эътироф ва дастгирӣ мекунанд. Волоияти ҳуқуқ муносибатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат, фаъолияти дастгоҳи давлатӣ ва ашхоси мансабдорро низ муайян карда, дар амалӣ намудани низоми ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ваколати онҳо, ҳуқуқу мукаллафиятҳои ашхоси муваззаф, волоияти Конститутсия ва қонунҳои кишвар нисбат ба дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ зоҳир мегардад. Механизми муҳимми таъмини волоияти ҳуқуқ дар ҷомеа мустақилии мақомоти ҳокимияти судӣ мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фарҳанги тоҷикӣ-русии тафсирии истилоҳоти ҳуқуқи башар. Д., 2004;
  • Раҷабов С. А. Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ. Д., 2012;
  • Robert L. Bledsoe and Boleslaw A. Boezek. The International Law Dictionary. ABC-Clio, Inc., USA, 1997.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]