Jump to content

Восилия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Восилия (ар. واصليه‎) — гурӯҳе фосиқону фасодкорон ва бадахлоқону зишткирдорон, ки дар баробари анҷом додани рафтору амалҳои ношоиста худро орифу шайху суфӣ вонамуд карда, иддиои ба Ҳақ восил шудан (расидан) доштанд ва мегуфтанд, ки таклиф (фармуда)-ҳои шаръӣ аз зиммаашон соқит гаштаанд.

Ба пиндошти онҳо, намозу рӯзаву закоту ҳаҷ ва аҳкоми дигарро аз баҳри он муқаррар кардаанд, ки шахс аввал бо ин умур машғул гашта, ахлоқи худро неку гардонад, то ӯро маърифати Ҳақ ҳосил шавад. Чун маърифат ҳосил шуд, восил бувад ва чун восил шуд, таклиф аз вай бархезад. Дигар ҳеч чиз аз фармудаҳои шариат бар вай воҷиб набошад; ҷумла муҳаррамот, аз хамру зинову ливоту моли мардум бар вай ҳалол буда, касе бар вай эътироз нанамояд, ҳар чӣ ӯ кунад, неку бувад. Ба андешаи пайравони восилия, агар яке аз онҳоро шаҳват ғолиб ояд ва аз дигаре муҷомаат талаб намояд, аммо он дигарӣ монеъ шавад, пас ӯ восил набошад ва манъ куфр бувад. Агар кӯдаке аз марде, ки аз восилон набошад, иҷобат кунад ва шаҳвати ӯ биронад, ин мард ба дараҷаи вилоят бирасад ва он кӯдак аз бузургон гардад.

Пайравони восилия бо тасаввуф ҳеч гуна робитаву алоқамандие надоштанд, балки баръакс, андешаву амалҳояшон мухолиф бо таълимоти ирфонӣ ва арзишҳои волои ахлоқии он буданд ва бо чунин пиндору рафторҳои зишту ғайриахлоқии худ суфияро бадном мекарданд.

  • سيد مرتضى داعى حسنى رازى. تبصرة العوام فى معرفة مقالات الانام. تهران،1313؛
  • محمد جواد مشكور. فرهنگ فرق اسلامی. چاپ سوم. مشهد، 1375 ش.ر