Вояҷер
«Во́яҷер» (англ. voyager, аз фр. voyageur — «гардишгар») — номи лоиҳа ва аппаратҳои байнисайёравии автоматии амрикоӣ барои таҳқиқи сайёраҳои дури Манзумаи Офтоб.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамагӣ ду аппарат — «Вояҷер-1» (20 августи 1977) ва «Вояҷер-2» (5 сентябри 1977) ба кайҳон сар дода шудаанд. Онҳо аппаратҳои бузургҳаҷми (вазни ҳар кадоми онҳо 733 кг) дорои таҷҳизоти хусусии энергия, муҳаррикҳои мушакӣ, компютерҳо, шабакаи алоқаи радио ва идоракунӣ буда, бо асбобҳои таҳқиқоти илмӣ (камераҳои телевизионӣ, спектрометрҳо, фотополяриметрҳо, маҷмӯи плазмавӣ ва ғайра) муҷаҳҳазанд. Дар аввал фақат таҳқиқи сайёраҳои Муштарӣ ва Зуҳал ба нақша гирифта шуда буд. Вале ба туфайли он ки ҳамаи сайёраҳои азим дар доираи нисбатан хурди Манзумаи Офтоб ҷойгир шудаанд, дар атрофи дигар сайёраҳои берунӣ (ғайр аз Плутон) низ парвоз кардани аппаратҳо имконпазир гардид. Аз ин сабаб масири парвози онҳоро ба чунин амалиёт мувофиқ сохтанд. Баъди аз тарафи «Вояҷер-1» таҳқиқ гардидани Зуҳал ва радифи он Титан, «Вояҷер-2»-ро бо андак тағйир додани масир ба сӯйи сайёраҳои Уран ва Нептун равона карданд. Баъди бо сайёраи Нептун вохӯрдан, масири «Вояҷер-2» ба тарафи ҷануб майл карда, он нисбат ба эклиптика зери кунҷи 480 парвоз намуд. «Вояҷер-1» аз эклиптика боло меравад (кунҷи ибтидоӣ 380). Ҳамин тавр аппаратҳо аз ҳудуди Манзумаи Офтоб тамоман берун мебароянд. Ҳадафи таҳқиқи илмии «Вояҷер»-ҳо омӯхтани минтақаҳои гузариши байни плазмаҳои офтобӣ ва байниситоравӣ мебошад. «Вояҷер-1» минтақаи мавҷи зарбатии ҳелиосферавиро декабри 2004 дар масофаи 94 В.а. аз Офтоб ва «Вояҷер-2» августи 2007 дар масофаи 87,4 Вояҷер а. убур карданд. Дар назар аст, ки аппаратҳо аз ҳелиопауза тақрибан баъди 10 соли гузаштан аз минтақаи мавҷи зарбатии ҳелиосферӣ мебароянд. «Вояҷер-2» назарияеро тасдиқ кард, ки ҳелиосфера на курашакл, балки байзашакл буда, ҳудуди ҷанубии он нисбат ба шимолиаш ба Офтоб наздиктар аст ва аз ҳисоби таъсири мутақобилаи гази байниситоравӣ боздориш шудани боди офтобӣ бояд боиси якбора афзудани ҳарорат ва зичии плазма гардад. Дар ҳақиқат муқаррар гардид, ки дар сарҳадди мавҷи зарбатӣ ҳарорат назар ба ҳелиосфераи дохилӣ баландтар аст. Сабаби ин ихтилофот дар чист ва энергия ба куҷо сарф мешавад, маълум нест. Дастгоҳҳо акси босифати сайёраҳои Муштарӣ ва Зуҳалро низ ба Замин фиристоданд. Олимон умед доранд, ки баъди ҳелиопаузаро убур кардани «Вояҷер»-ҳо низ алоқа бо онҳо боқӣ мемонад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вояҷер // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.