Воқифа
Воқифа (форсӣ: واقفه) — номи умумиест барои ҳар гурӯҳи диние, ки дар мавриди ягон масъала дар тасдиқ ё инкори раъйи аксарият таваққуф мекардаанд.
Масалан, гурӯҳе аз муътазила, монанди Абуалии Ҷубоӣ ва писараш Абуҳошим, ки на Алӣ ибни Абутолибро бар дигар саҳоба афзал медонистанд ва на дигар саҳобаро бар вай, «воқифӣ» хонда мешуд. Ё касонеро, ки баъди даргузашти имоми ёздаҳум назди имомия на имомати бародари ӯ Ҷаъфари Каззоб ва на имомати фарзанди ғоиби мунтазараш — имоми дувоздаҳумро пазируфтанд, истилоҳан Воқифа мехонанд. Ҳамчунин ба он фирқаҳои шиа, ки даргузашти имом Мусои Козимро инкор менамуданд ва имоматро ба ӯ қатъ карда, мункири имомати фарзандаш шуданд, лақаби Воқифа дода буданд. Муҳаммад ибни Умари Кашӣ дар китоби «Риҷол»-и худ меорад, ки ҳангоми маҳбус будани имом Мусои Козим ду вакили ӯ дар Кӯфа сӣ ҳазор динор бобати саҳми имом ҷамъоварӣ карда, бо он пул барои худ хонаҳову чизҳои дигар хариданд. Чун хабари марги имомро шуниданд, барои ин ки пулҳоро барнагардонанд, бо камоли бешармӣ мункири марги ӯ шуданд ва дар ин маврид диранг карданд. Аз ин ҷиҳат пайравони он ду нафарро Воқифа хонданд.
Бархе аз фирқаҳои каломӣ Қуръонро қадим ва бархи дигар ҳодис мехонданд, вале гурӯҳе аз онҳо гуфтанд: Агар гирди он сухан нагардӣ, ки Қуръон қадим аст ё ҳодис, балки байни иқрор ва инкор таваққуф намоӣ, ба тариқи саломат ва роҳи истиқомат наздиктар бошад. Гурӯҳи мазкур Воқифа лақаб гирифтанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- محمد بن عبد الكريم شهرستاني. الملل و النحل (ترجمۀ فارسی افضل الدین صدر ترکه). تهران، 1321 ش.؛
- میرزا محمد علی مدرس خیابانی تبریزی. ريحانة الادب. جلد 6. تهران، 1326 ش.؛
- ابو سعيد نشوان الحميرى. الحور العين. القاهرة، 1948؛
- ابو الحسن على بن اسماعيل اشعرى. مقالات الاسلاميين و اختلاف المصلينن. المجلد الثانى. القاهرة، 1954؛
- سعد بن عبدالله ابي خلف الاشعرى القمى. المقالات و الفرق. تهران، 1963؛
- محمد جواد مشكور. فرهنگ فرق اسلامی. چاپ سوم. مشهد، 1375 ش.؛
- رجال كشي. تهران، 1382
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воқифа / С. Маҳмадуллоҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.