Воқифи Лоҳурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Воқифи Лоҳурӣ
Навъи фаъолият: шоир

Тойиббек Воқифи Лоҳурӣ (форсӣ: واقف لاهوری‎, маъруф ба Бектой, мулаққаб ба Нурулайн; 1689, Батола, Патёлаи Лоҳур – 1781, ҳамон ҷо) — шоири форсизабони Ҳинду Покистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Гузаштагонаш аз аҳли илму маърифат буданд ва дар мавзеи Патёлаи Лоҳур ба қазоват шуғл меварзиданд. Воқифи Лоҳурӣ дар ш.-ҳои Лоҳур ва Деҳлӣ улуми мутадовилаи замонашро фаро гирифта, дар шоирӣ ном баровард. Бо шоирони машҳури замонаш Мир Муҳаммад Маъсуми Виҷдони Лоҳурӣ, Биндробан Доси Хушгӯ ва Офарини Лоҳурӣ дӯстиву мушоират дошт. Нахуст «Нурулайн» тахаллус мекард. Бо пешниҳоди Ҳаким Абдуллоҳхони Кашмирӣ онро ба «Воқиф» иваз намуд. Воқифи Лоҳурӣ дар замони ноамнӣ ва пурошӯб – давраи тохтутозҳои ҳукмрони Афғонистон Аҳмадшоҳи Дурронӣ дар Ҳинду Покистон зиндагӣ мекард. Зиндагиаш дар фақру тангдастӣ мегузашт. Аз ҳисоби даромад дар даргоҳи ҳокимони давр, аз ҷумла, писари Аҳмадшоҳи Дурронӣ – Темуршоҳи Дурронӣ таъмини маош менамуд.

осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Воқифи Лоҳурӣ девони ашъор ва маснавие бо номи «Мирзо ва Саҳбо» боқӣ мондааст. Як нусхаи хаттӣ аз маснавии Воқифи Лоҳурӣ дар Музейи миллии Покистон (Карочӣ) таҳти шумораи N M 1968–738 маҳфуз аст. Девон ва ашъори парокандаи ӯро муҳаққиқи покистонӣ Ғулом Раббонӣ ҷамъ оварда, ба шакли маҷмӯаи мукаммале (1200 ғазал, қитъаҳо, як мухаммас, як тарҷеъбанд ва як маснавии кӯтоҳ) соли 1960 ба табъ расондааст. Воқифи Лоҳурӣ дар ашъораш бештар ба шоирони бузурги гузаштаи форс-тоҷик Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷалолуддини Румӣ пайравӣ кардааст. Забони ашъораш содаву равон, баръакси сабки замонаш аз печидагиҳо ва мазмунҳои дур аз зеҳн орист. Мавзӯъҳои ашъораш мавзӯъҳои анъанавии адабиёти форс-тоҷик ва ҳасби ҳол, шикоят аз замони пурошӯб ва нодориву тангдастӣ мебошанд. Абёти зерин намунае аз ашъори ӯянд:

Буд дар зиндони ғам як умр ин шеван маро,
Ҳаққи бисёр аст аз занҷир бар гардан маро.
Баски дар ҳар сурат озор аст домангири мо,
Бистари бемор гардад сафҳа аз тасвири мо.
Сахтгирони ҷаҳон, ҳар ҷо, ки будаст оҳане,
Гирд карданд аз барои ҳалқаи занҷири мо.
***
Дардманд аз кӯчаи дилдор меоем мо,
Оҳ, к-аз дорушшифо бемор меоем мо.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • دیوان واقف لاهوری. لاهور 1960 ؛
  • دیوان غزلیات نورالعین واقف. کا بل، 1384 هـ. ش.ر

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • : میرغلام علی آزاد بلگرامی. خزانۀ عامره. کانپور،1955؛
  • بندرابن داس خوشگو. سفینۀخوشگو. دفتر سوم، پتنه، 1959 ؛
  • عبدالحکیم حاکم. تذکرۀ مردم دیده. لاهور ، 1961؛
  • دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره(هند، پاکستان، بنگلدیش). جلد چهارم، بخش سوم، تهران، 1380 هـ. ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]