Jump to content

Габел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Габел (фр. gabelle) — андоз аз фурӯши намак дар Фаронса (то соли 1790).

Габел суде буд, ки дар натиҷаи арзон харидани намак аз истеҳсолкунанда ва гарон фурӯхтани он ба истеъмолкунанда ба даст меомад. Бори аввал дар давраи ҳукмронии Филиппи IV ҷорӣ шуд (аз соли 1286). Аз давраи ҳукмронии Филиппи VI тиҷорати намак соҳаи фаъолияти инҳисории давлат гардида, бо сохта шудани анборҳои давлатӣ пардохти габел дар 12 шаҳр маъмул гардид. Дар ибтидо меъёри ягонаи пардохти габел вуҷуд дошт, аммо баъдтар тафовути он дар марказ ва музофотҳои наздики он нисбат ба минтақаҳои ҷанубӣ, шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ боло рафт. Тафовути меъёри габел ба пайдоиши қочоқи намак мусоидат кард. Габел дар давраи Инқилоби буржуазии Фаронса (1789-94) барҳам дода шуд.