Габрово

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Габрово

булғорӣ: Габрово
Dormition of the Most Holy Mother of God Church Gabrovo TB1-croped.jpg
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Булғория
Координатаҳо 42°51′ с. ш. 25°19′ в. д.HGЯO
Коди телефон 066
Сайти расмӣ gabrovo.bg
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Габрово дар харитаи
Габрово
Габрово

Га́брово (булғорӣ: Габрово) — шаҳр дар Булғория. Маркази маъмурии вилояти ҳамном, дар қисми марказии мамлакат, дар соҳили дарёи Янтра ва доманаи кӯҳҳои Стара-Планина ҷойгир аст. Аҳолиаш 59, 6 ҳазор нафар (2014).

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Одамон дар Габрово асрҳои 4-5 м сокин шудаанд. Дар давраи авҷи шоҳигарии Булғориёни дувум (асрҳои 13-14) маркази ҳунари оҳангарӣ ва савдо буд. Баъди истиқрори ҳокимияти сулолаи Усмониҳо ба яке аз марказҳои муҳоҷират табдил ёфт. Аз соли 1878 дар ҳайати Булғория. Габрово яке аз қадимтарин, бузургтарин ва муҳимтарин марказҳои саноати сабук (корхонаҳои бофандагӣ, пӯст, чарму пойафзор), мошинасозӣ (дастгоҳҳои бофандагӣ ва филиззбурӣ, асбобҳои тиббии электронӣ) мебошад.

Ёдгориҳои меъморӣ: калисои Успенский, Бурҷи соатдор ва ғ. Осорхонаи мардумшиносӣ зери осмони кушод, театри драма ва театри лухтак дорад. Габрово-ро пойтахти ҳаҷву мутоибаи ҷаҳонӣ мешуморанд. Аз соли 1973 дар Габрово ҳар сол фестивали байналмилалии ҳаҷву зарофатгӯӣ ва карнавали кӯдакона баргузор мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]