Jump to content

Гавашт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Гавашт», «Гувашт» (форсӣ: گوشت‎ — гуворо, нарм, нафис):

  • Навои мавсимиву маросимӣ дар мусиқии тоҷикон (Эрони бостон), ки Борбади Марвазӣ тасниф кардааст.
  • Яке аз шаш овозаи мусиқӣ дар таркиби «Дувоздаҳмақом». Дар асрҳои 16-17 овозаи чорум, вале дар «Баҳҷату-р-рӯҳ» овозаи панҷум зикр шудааст. «Гавашт»-ро ромишгарону мусиқидонон дар сози барбат (уд) аз пардаҳои зери мақоми «Ҳиҷоз» ва бами мақоми «Наво» («Дувоздаҳмақом») ҳосил менамудаанд.
  • Гӯшаи сеюми дастгоҳ (мақом)-и «Наво»-и «Ҳафтдастгоҳ»-и эронӣ, дар байни гӯшаҳои «Гардония» ва «Нуҳуфт» ҷой гирифтааст. Дараҷоташ дар дастгоҳи «Наво» «ре» ва дар дастгоҳи «Шӯр» «ля» буда, ба «ми» ва «ля корон» табдил меёбад. Аз лиҳози савтӣ «Гавашт» бо «Сегоҳ» иртибот дошта, шабеҳи «Даромади Сегоҳ» аст. «Гавашт» нағмаи нуҳум буда, ним бонг (октава) дорад. Аз аввалин нағмаи «Ҳумоюн» ва «Нуҳуфт» шурӯъ шуда, дар «Дугоҳ» ва «Рақаб» давр зада, дар «Зобул» ва «Авҷ» қарор мегирад. Навъи дигари таркиби оҳангиаш аз аввалин нағмаи «Зангӯла» шурӯъ шуда, баъд ба «Бӯсалик», «Раҳовӣ», «Наҳовандак» ва «Наврӯзи асл» меравад, сипас дар «Ироқ»-у «Зобул» қарор мегирад. Таркиби қаторовози ҳосилшавии оҳанги «Гавашт» 76 доираро ташкил медиҳад, ки сохти доиравиаш чунин аст:

До ǁ ре5 ǁ ми6 ǁ фа ǁ сол6 ǁ сол ǁ ля ǁ си ǁ до1

А  Ҷ  В Ҳ  Й  Яб  Яҷ  ЯВ   ЯҲ

Яъне, доираи «Гавашт» нуҳ парда ва ҳашт фосила дорад. Мусиқидонони гузашта алҳони «Гавашт»-ро аз садои бӯзина баргирифтаанд. Ромишгарон дар гузашта «Гавашт»-ро аз рӯйи хусусияти муассириаш назди мардуми миёнақади зардина, хунёгару шоир ва аз рӯйи табиаташ дар фасли зимистон иҷро мекардаанд. Алҳони оҳангиаш нарму нафис ва муфарриҳ аст

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Борбаднома. Д., 1989; Нағмаи ниёкон. Д., 1989;
  • Аскаралӣ Раҷабов, Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;
  • ابن زیله. کتاب الکافی الموسیقی. بغداد، ١۹۴۶؛
  • محمد علی امام ششتری. شعر و موسیقی و ساز و آواز در ادبیات فارسی. تهران٬ ١٣۴۶ هـ. ش؛
  • مهدی برکشلی. شرح ردیف موسیقئ ایران. تهران، ١٣۴۶ هـ. ش.؛
  • نصرت الله حدادی٬ فرهنگنا مۀ موسیقی ایران. تهران٬ ١٣٧۶هـ. ش.؛
  • مهدئ ستایشگر. واژه نامۀ موسیقی ایران زمین٬ جلد 1. تهران، ١٣۸١ هـ. ش.ر