Дувоздаҳмақом
Дувоздаҳмақом (форсӣ: دوازدهمقام) — маҷмӯи муҳташами созию овозии силсилавии устодонаи мусиқии классикии тоҷик-форс, ки дар нимаи дуввуми асри XII ва ибтидои асри XIII ташаккул ёфта бо ин ном дар адабиёти хаттӣ собит шуда ва охири асри XVII маъмулият касб намудааст[1].
Дар адабиёти хаттии форсии тоҷикӣ номи мақом, шуъба, гӯша ва таркибҳои созию овозии Дувоздаҳмақом зикр ёфта («Луғати фурс», ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низоми Ганҷавӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва диг.), аммо дар шакли як маҷмӯи воҳиди силсилавии мусиқӣ бо ин ном то нимаи дуввуми асри XII хотирнишон нашудааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи аввалин манобеи назарии мусиқӣ (Муҳаммади Нишобурӣ, «Рисола дар илми мусиқӣ» ва ғайра) Дувоздаҳмақом аз дувоздаҳ парда (раҳ, роҳ, дастон, лаҳн, маҷмӯи мӯхташами силсилавии созию овозӣ) таркиб ёфта, ҳар мақом аз пардаи (ҷойгоҳ, дастгоҳ) махсус оғоз шуда, дар ҳамон лаҳн (лаҳният) анҷом меёбад. Аз ин нигоҳ шореҳону донандагони мусиқӣ Дувоздаҳмақомро дувоздаҳ парда (раҳ, дастон) низ хотирнишон кардаанд ва ҳар мақом бинобар ба тавсифи манобеи мусиқӣ (Муҳаммади Нишобурӣ) дар зарбу авзони хос иҷро мешавад.
Дувоздаҳмақом маҷмӯи муҳташами устодонаи мусиқӣ буда, таркиботаш иборат аз 6-овоза, 24- шӯъба (ниг. овоза, шӯъба), 48-гӯша ва дигар шохаҳои созию овозӣ аст. То имрӯз на ҳама шохаҳои овозии Дувоздаҳмақом ба сабаби набӯдани (сабт) навишти адворӣ (нота, дар) мафҳуми имрӯзӣ нарасидаанд.
Дувоздаҳмақом таърихи бостонӣ дошта, равиш, тарзи силсилавӣ, матниаш (мавзӯӣ) дар замони Сосониён (222—651), дастони «Срот-и Хусравоник» («Хусравоин воч» — «сурудҳои Хусравонӣ», «Хусравониёт-тариқату-л- мулукия», сабки устодона, шоҳона)-и Борбад (585-89-635-39) бунёд шуда аст, сарчашма мегирад. Дувоздаҳмақом дар ибтидои ташаккулаш дорои тартибу танзими хос, ки дар шакли тарона, чома (чикомак), оҳангҳои силсилаии (равошин, равосин) гуногунтаркибу гуногунмавзӯъи мавсимию маросимӣ эҷоду иҷрошаванда мураттабшуда, рӯи саҳна омада, минбаъд вобаста ба таҳоввулоти ҳунарӣ аҳли эҷоду иҷро онро дар шакли асари ҷомеъи муҳташами мусиқӣ муназзам намудаанд.
Садаҳои XII—XIII
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар нимаи дуввум асри XII ва ибтидои асри XIII Дувоздаҳмақом ба тартибу танзими мутобиқ ба қавонини устодонаи мусиқӣ ба маҷмӯи силсилавӣ табдил меёбад. Дар таълифоти хаттии назарии арабизабони мусиқӣ Киндӣ (805—873) Абӯнасри Форобӣ (875—950), Абӯлаббоси Сарахсӣ (ваф.901), Абӯлаббоси Бахтиёр (ваф.920), Ибни Сино (986—1037), Ибни Зайла (ваф.1048) ва диг., фарҳангу қомус, тавсифоти бадеии классикони адабиёти тоҷик-форс, тавзеҳе нест.
Сохт, таркиботи комили Дувоздаҳмақом, ки дар манобеи назарии мусиқии асри XV—XVI собит шудаанд, чунин аст (гӯшаю дигар таркиботи созию овозӣ): «Баҳор», «Нишот», «Фариб» (фарибо), «Муқаддар», «Ҳуҷҷат», «Баёти турк», «Сарфароз», «Бастанигор», «Баёти Курд», «Доя», «Иккиёт», «Дилбар», «Наҳовандак», «Сафо», «Авҷи Камол», «Гулистон», «Раҳоб» (Раҳовӣ), «Найрези Кабир», «Мӯътадил», «Зулхамс», «Шаҳрӣ», «Хазон», «Ғизола», «Ҷамолӣ», «Сират», «Шӯълаи раҳ», «Аслӣ», «Руҳавзо», «Тарабангез», «Арабон», «Мӯътадил», «Замин», «Асирон», «Хаёлон», «Муаллиф», «Ҳаёрон», «Самоъӣ», «Макон», «Ғарибон», «Ғамзада», «Маънавӣ», «Баҳри Камол», «Розӣ», «Муноҷот», «Паҳлавӣ», «Этиъдол», «Фигор», «Висол» (ин тартиб дар рисолаҳои Абдулқодири Мароғӣ, «Ҷомеъу-л-алҳон», «Лаҳния», Боқиёи Нойинӣ «Замзамаи ваҳдат», Муҳаммади Хуросонӣ «Рисолаи мусиқӣ» ва ғ. қаламдод шудааст).
Садаҳои XVI—XVII
[вироиш | вироиши манбаъ]Тағйироте, ки дар ҳаёти мусиқии охири ас. XVI ва нимаи аввали ас. XVII падид омаданд, хоси рӯйдодҳои эҷодию иҷроии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд буда, ин марҳалаи охирини Дувоздаҳмақом аст. (таркибот: шӯъба, гӯша ва шохаҳои созию овозӣ): «Бобоҳусайнӣ», «Хазон», «Найрез», «Зеркаши Ховарон», «Ироқ», «Нишобурак», «Ҳиҷози Мухолиф», «Баёти Курд», «Чоргоҳ», «Исфаҳонак», «Ракби Наврӯз», «Уззол», «Ироқи Мутобеҳ», «Моҳурак», «Зобул», «Хиром», «Қарчангор», «Авҷ», «Роҳу рӯҳ», «Баҳри Нозук», «Мубарқаъ», «Раҳбар», «Ҳисораки Мадан», «Панҷ гоҳ», «Дугоҳи Аҷам», «Мӯҳсинӣ», «Наврӯзи Сабо», «Ҳиҷози Бузург», «Рубоби Панҷгоҳ», «Аширон», «Наҳовандак», «Нишобураки», «Саркор», «Дугоҳ», «Ҳусайнӣ», «Бастанигор», «Муҳайяр», «Мавлавиёт», «Хуҷаста», «Наврӯзи Хоро», «Иккиёт», «Тур», «Моҳур», «Ҳиҷози Ироқ», «Рӯи Ироқ», «Сегоҳ», «Муллонозӣ», «Корсоз», «Ҳисор», «Наврӯзи Раҳовӣ», «Зеркаши „Таснифи Бузург“, Устод Алиакбари ҚонунииАширон», «Зерафкани Бузург», «Рости Ҳиҷоз», «Мағлуб», «Ҳумоюн», «Найрези Кабир», «Ҳиҷози Бузург», «Нуҳуфт», «Чаковак», «Зобули се», «Ракб», «Чаҳоргоҳи Бузург», «Шоҳаншоҳӣ», «Наҳовандаки Румӣ», «Наврӯзи Араб», «Ҳумоюн», «Наврӯзи Аҷам», «Нуҳуфт».
Дувоздаҳмақом дар давоми барҷоияташ аз мусиқии намоянда ва сарвари мактаби мусиқии Бухоро мардумӣ ибтидо ва баҳра гирифта, анъаноти асили эҷодию иҷроияш дар зимни сабк, равияҳои иҷроии мусиқии шифоҳии мардумони эронитабор ва баҳраандӯзӣ аз мусиқии мардумони дигар такмилу рушд ёфтааст.
Мутрибону устодони Дувоздаҳмақом
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар вусъат ва ғаномандии барҷоияти анъаноти эҷодию иҷроӣ, рангомезии шакл, анвоъи шеърию мусиқии Дувоздаҳмақом беш аз ҳама Муҳаммади Нишобурӣ (12-13), Сафиуддини Урмавӣ (1230—1294) Муҳаммади Омулӣ (1232—1349), Қутбуддини Шерозӣ (1236—1310), Мирсаидалии Ҷурҷонӣ (1339—1413), Абдулқодири Гӯянда (1356—1435), Ҷомӣ (1414—1492), Биноӣ (1430—1502), Маҳмуди Ҳусайнӣ (1436—1502), Кавкабии Бухороӣ (ваф.1535), Дарвешалии Чангӣ (1542-43-1649), сарояндагону навозандагон, мусаннифони ас. XIV—XVII Хоҷа Ризвоншоҳ, Алии Ситоӣ, Хоҷа Юсуфи Бурҳон, Хоҷа Абӯлвафо, Устод Қулмуҳаммади Удӣ, Устод Султонмуҳаммади Удӣ, Устод Ҷаъфари Қонунӣ, Қутбуддини Ноӣ, Ҳофизи Басир, Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ, Алидӯсти Ноӣ, Боқии Ноӣ, Мираки Чангии Бухороӣ, Мирзоалии Чангӣ ва даҳҳо устодони созу овоз, аҳли шеър бузург буда, баробари иҷрои мақомҳо, дар заминаи савту таронаҳои Дувоздаҳмақом дар шаклу анвои мусиқӣ асарҳои ҷолибу мондагори ҳунарӣ эҷод намудаанд. Маҳз дар ас. XIII—XVII ва ибтидои ас. XVIII дар заминаи Дувоздаҳмақом шаклу анвои мураккабӯ ҳирфаии шеърию мусиқии «куллиёт»,"миаттайн", «сунбулӣ», «санам», «мухаммас», «амал», «хаёл», «саҷъ», «рехта», ва ғ. ба санъати мусиқии устодона ворид шуда, дар якҷоягӣ ба Дувоздаҳмақом ба иҷро мерасиданд. Мас. асарҳои ҳунармандони номвар Хо"Амали тарона" («Эй сорбон»), «Амали қиёмат», Абдулқодири Гӯянда «Амали Бӯстон», «Амали Гулистон», «Амали Хористон», Устод Шодӣ дар усулҳои «Чорзарб», «Мухаммас», «Таснифи дилфиреб», «Моҳи ҳаждаҳсола». Хоҷа Юсуфи Бурҳон дар усули «Чанбар», «Савти Наво», «Амали Наво», «Пешрави Наво», «Гардуни Наво», Хоҷа Юсуфи Андигонӣ дар усули, «Шодиёна», «Нақши моҳи ҳилол», «Савти хиромон», «Таронаи Ораз», Кавкабии Гавҳарии Бухороӣ дар усули мақоми «Рост», «Куллиёт», Ҳасани Кавкабӣ «Нақши Мавлоно», Султон Муҳаммади Танбӯрӣ «Рехтаи Наво», «Чанбари Дугоҳ», Самарқандӣ «Амали Ироқ», «Савти қонун» ва диг. асарҳои зиёди созию овозиро дар тазмини таркиботи Дувоздаҳмақомэҷод намудаанд. Дар тадвину таҳияи матни Дувоздаҳмақом аз садаҳои XIV—XV шоирони ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд корҳои ҷолибе намуда, дар ас. XVI тавассути Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ «Куллиёти Дуовздаҳмақом» (матни баргузидаи комили мақомҳо) тартиб дода шуд. Ин кори илмию амалии Кавкабии Бухороӣ дар ҳавзаҳои эҷодию иҷроии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд (замони Бобуриён) чун дастур хидмат намуда, дар вусъати назмии мақомҳо нақши муассире гузоштааст. Дар пайравӣ ва баҳраандӯзӣ аз «Куллиёти Дувоздаҳмақом» — Кавкабӣ дар ҳавзаҳои ҳунарии Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Тошканд, Машҳаду Исфаҳон, Балх, Марв ва ғ. корҳои ҷолибе дар назми Дувоздаҳмақом рӯи кор омаданд, махсусан навиштаҳои Боқиёи Нойинӣ, Сайфиддини Ғазнавӣ, Туғрои Машҳадӣ, Фурсатудавлаи Шерозӣ ва диг. марҳалаи нави бадеию зебоишиносии мусиқӣ маҳсуб шуда, минбаъд ин сабки тадвини матнии мақомҳо дар"Шашмақом", «Ҳафтдастгоҳ»-идома ёфт. Мактаби таҳқиқию омӯзишии Дувоздаҳмақом, ки дар ас. XVI тавассути Кавкабии Бухороӣ сабки хоса касб карда буд, минбаъд босаъю эҳтимоми шогирдонаш Ҳасани Кавкабии Самарқандӣ, Хоҷа Муҳаммади Кавкабӣ, Алиакбари Қонунии Самарқандӣ, Мирзоалии Чангӣ, Дарвешалии Чангӣ ва диг. идомаю тақвият ёфт ва анъанаҳои эҷодию иҷроии устодонаи мақомҳо дар ҳавзаҳои адабию ҳунарии Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд рушд намуд.
Давомдиҳандагони жанри ниёгон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дувоздаҳмақом чун маҷмӯи муҳташами бадеию зебоишиносии мусиқӣ дар ҳаёти мадании мардумони форсизабон ва ғайри эронӣ то ибтидои ас. XVIII арзи вуҷуд намуда, сипас ба «Шашмақом», «Ҳафт дастгоҳ» (Эрон), муғом (Туркия, Озарбойҷон) ва ғ. табдил меёбад. Таъсири пурбори эҷодию иҷроии Дувоздаҳмақом, махсусан анъанаи «Устод ва шогирд», ки аз муассиртарин сабки омӯзишию иҷроӣ, таҳқиқии мақомҳо маҳсуб мешуд, дар анъаноти иҷроию эҷодии «Шашмақом», «Ҳафт дастгоҳ», мақомҳои арабию туркӣ, нубаҳои мамолики Мағриб бо сабк, диди хоси ҳунарӣ идома ёфта, номи бисёр шӯъбаю гӯшаҳо, овозаю таркиботи Дувоздаҳмақом бидуни тағйири номӣ маҳфуз мондаанд Дувоздаҳмақом воқеан падидаи бузурги бадеию зебоишиносӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон мардумони эронӣ ва Шарқ ба шумор меравад[2].
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донистаниҳо аз Дувоздаҳмақом. ПИТФИ (13 Декабри 2016).
- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 66 — 68 ISBN 978-99947-49-13-3
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммади Нишобурӣ, Рисола дар илми мусиқӣ Р: 1880, с 612 (605 а, с. китобат, 663 ҳ.), ЛОИВАН СССР;
- Тарона ва мақом, Р: 718, с. 693, с. таъ. 1274 ҳ. ЛОИВАН СССР;
- Рисолаи мақомот, Р: В 2408. 22 л. 1997. ЛОИВАН СССР;
- Рисолаи мусиқӣ, Р: 1844 (nov. 94, с. таълиф 1280 ҳ.) ЛОИВАН СССР;
- Рисолаи илмӣ мусиқӣ, Р: В 3983. 1935. ЛОИВАН СССР;
- Рисола дар баёни илми мусиқӣ, Р: В 2257. nov. 1295. ЛОИВАН СССР;
- Рисола Р: С 1861. ЛОИВАН СССР;
- Сайфиуддини Ғазнавӣ, Рисола мусиқӣ, Р: 1882. PS ЛОИВАН СССР;
- Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ то Дарвешалӣ, Р: Д 403. 2002, ЛОИВАН СССР;
- Рисолаи мусиқӣ то Мавлоно Кавкабӣ, Р: В 2257, ЛОИВАН СССР;
- Рисолаи мусиқӣ то Муҳаммади Яздавӣ, Р: 3864, ЛОИВАН СССР;
- Дарвешалии Чангӣ, 2005 — 11, ИВАН Уз ССР;
- Мақомоти млми мусиқӣ, Р: 9688: 111, ИВАН Уз ССР;
- Маҳмуди Ҳусайнӣ, Қонуни илмӣ ва амалии мусиқӣ, Р: 6088, ИВАН УЗ. ССР;
- Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р: 468 1, ИВАН Уз ССР;
- Дарвешалии Чангӣ, Р: 7005 — 111, ИВАН УЗ. ССР;
- Рисолаи киромия дар илми мусиқӣ, Р: 468—111, ИВАН УЗ. ССР;
- Кавкабии Бухороӣ, Рисолаи мусиқӣ Р: 5793. 9264 — 111. ИВАН Уз. ССР;
- Боқиёи Ноинӣ, Замзамаи ваҳдат, Р: 10874, ИВАН Уз. ССР;
- Абдулқодири Мароғӣ, Мақосид-ул-алҳон, Теҳрон 1348;
- Мирзо Абдуллохон, Рисолаи мусиқӣ, Теҳрон, 1348;
- Мирзо Абдуллохон, Рисолаи мусиқӣ, Теҳрон, 1882;
- Абдулқодири Мароғӣ, Ҷоме-ул-алҳон, Теҳрон, 1350;
- Абдулқодири Мароғӣ, Шарҳи «Адвор», Теҳрон, 1374;
- Кавкабии Бухороӣ, Рисолаи мусиқӣ, Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом, таҳия ва таҳқиқ А. Раҷабов, Душ., 1978;
- Маҳмуди Ҳусайнӣ, Қонуни, илмӣ ва амалии мусиқӣ, таҳия ва таҳқиқи А. Раҷабов, Душ., 1987;
- Нағмаи ниёгон, таҳия ва таҳқиқи А. Раҷабов, Душ., 1990;
- Раджабов И. Мақомлар масаласига доир, Тош., 1963;
- Раджабов И. Макомы, Тош. — Ереван, 1970;
- Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ. 1., Теҳрон, 1376;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Душ., 1988;
- Раҷабов А. Аз таърихи афкори мусиқии тоҷик, дар ас. 12 — 15, Душ., 1989;
- Низомов А. Таърих ва назарияи Шашмақом, Душ., 2002.
- Сафиуддини Урмавӣ, Китобу-л-адвор, Теҳрон, 1384.