Гавот
Зоҳир
Гавот (фар. gavotte, айнан рақси гавотҳо, сокинони вил. Оверн дар Фаронса) — рақси халқии қадимаи фаронсавӣ. Андозаи мусиқӣ 4/4 ё 2/2, бо 2/4 пештақтӣ оғоз мешавад, суръаташ муътадил. Дар садаи XVI истилоҳи «Гавот» якчанд бранлейи дутогии паиҳамро ифода мекард, инчунин қисми хотимавии баъзе сюитаҳои бранлейро. Ж.Б. Люли Гавотро дар асарҳои саҳнавӣ дохил намуд. Шакли хоси Гавот дар садаи XVIII -3 қисмаи da capo; баъзан қисми мобайни Гавот мюзет зоҳир гардид. Гавот дар асарҳои созии шакли калонҳаҷм, қисми таркибии сюитаҳои рақсии созӣ (И.С. Бах, Г.Ф. Ҳендел ва диг.) ҷо дода шудааст; чунин Гавотро П. Чайковский, А. Глазунов, С. Прокофев, Д. Шоставокич низ офаридаанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.89. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |