Гаврилов, Тимофей Кузмич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гаврилов, Тимофей Кузмич
Зодрӯз 20 июл 1910(1910-07-20)
Таърихи даргузашт 30 декабр 1948(1948-12-30) (38 сол)
Мансубият
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин Order of the Red Banner Order of Alexander Nevsky Medal "For Battle Merit" Medal "For the Defence of Leningrad" Medal "For the Defence of Stalingrad"

Гаврилов Тимофей Кузмич (1910, деҳаи Шемиратсаи вилояти Ленинград — 1944, номаълум) — халабони низомии аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ. Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1944), капитани гвардия.

Зиндагинома[вироиш]

Баъди хатми мактаби флоти ҳавоии гражданӣ (1935) дар Туркистон (1935) ва аз соли 1938 дар Тоҷикистон лётчик буд. Соли 1941 аз ш. Сталинобод ба сафи Артиши Сурх даъват шуда, дар муҳорибаи назди Маскав ширкат доштааст. Барои ба Ленингради муҳосирашуда расондани лавозимоти ҳарбӣ, хӯрокворӣ, анҷомҳои тиббӣ, доруворӣ аз болои кӯли Ладога 220 бор, дар ҷангҳои Сталинград барои бомбаборон кардани мавқеъҳои душман шабонгаҳон 212 бор парвоз намудааст. Августи 1943 фармондеҳи эскадрилияи 102-юми полки авиатсионӣ буд. Г. ба ақибгоҳи душман чаҳор бор парвоз карда, ба отряди партизании Сабуров (дар ҳудуди Минск ва дигар минтақаҳо) лавозимоти ҳарбӣ, хӯрокворӣ ва сарулибос расондааст. Дар атрофи Киев се бор десант фуровардааст.

Ҷоизаву орденҳо[вироиш]

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Ҷангӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Герои Советского Союза. Краткий биографический словарь. Т. 1. М., 1987.

Сарчашма[вироиш]