Гавҳар Ҷӯраева
Таърихи таваллуд | 31 декабр 1950 (73 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Пеша | фаъоли ҳуқуқи башар |
Падар | Қандил Ҷӯраев |
Модар | Лоланисо Исмоилова |
Ҳамсар | Давлат Худоназаров |
Гавҳар Ҷӯраева (Ҷӯраева Гавҳар Қандиловна; зод. 31 декабр 1950, Сталинобод) — фаъоли ҳуқуқи башар, узви Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия. Духтари Лола Исмоилова ва Қандил Ҷӯраев.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гавҳар Ҷӯраева 31 декабри соли 1950 дар шаҳри Сталинобод дар хонадони донишмандони тоҷик Қандил Ҷӯраев ва Лоланисо Исмоилова ба дунё омадааст. Шуъбаи арабӣ-инглисии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст[1].
Гавҳар Ҷӯраева соли 1993 ҳангоми бесарусомониҳо бо аҳли хонаводааш ба шаҳри Маскав кӯчид. Дар соли 1996 ташкилоти «Фонди Тоҷикистон»-ро таъсис дод, ки он расман соли 1998 ба сабти ном шуд[2].
Ӯ дар соли 2012 Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии ҳамгироии «Муҳоҷират ва қонун»[3]-ро таъсис дод, ки дар доираи фаъолияти он муҳоҷирони тоҷик, узбак, қирғиз ва баъдан ҷумҳурии Молдавия низ ба кумаки ҳуқуқии ройгон фаро гирифта шуданд.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамсари Гавҳар Ҷӯраева сиёсатмадор ва коргардони шинохтаи синамои тоҷик Давлат Худоназаров мебошад. Онҳо ду фарзанд ва як набера доранд[4].
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти араби факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1973—1979)[5].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2005 — «Одами сол»-и Тоҷикистон;
- 2012 — медали «Барои хидмати шоиста» (Русия);
- 2015 — барандаи Ҷоизаи гурӯҳи Хелсинкии Маскав барои ҳифзи ҳуқуқи инсон[6].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Лидия Графова. Организацию "Миграция и закон" признали иностранным агентом(рус.). Российская газета (28 июни 2016). 12 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Талабшо Холиқзод. Гавҳар Ҷӯраева: 20 соли хидмати содиқона ба муҳоҷирони тоҷик. Pressa.tj (3 июни 2022). 12 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Гавҳар Ҷӯраева: Муҳоҷирати корӣ сарчашмаи коррупсия шудааст.... old.asiaplustj.info. ASIA-Plus (1 августи 2017). 12 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Мирзои Салимпур. Гавҳар Ҷӯраева: Агар пул медоштам, барои муҳоҷирон як маркази ҷаҳонӣ месохтам(тоҷ.), Радиои Озодӣ (3 ноябри 2015). Проверено 12 Январ 2024.
- ↑ Джураева Гавхар Кандиловна. ir.russiancouncil.ru (4 ноябри 2013). 12 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Лауреаты Премии МХГ в области защиты прав человека за 2015 год. mhg.ru. Московская Хельсинкская группа (5 Декабри 2015). 12 Январ 2024 санҷида шуд.