Газотурбоход

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Газотурбоход — як навъи киштӣ, ки бо қувваи муҳаррики газию турбинавӣ ҳаракат мекунад.

Истифодаи ин навъ муҳаррик иқтидори таҷҳизоти киштиро ҳатто дар ҳолати хурд будани масса баланд мегардонад, вале дар айни замон хароҷоти истифодабарӣ низ зиёд мешаванд. Унсури ҳаракатдиҳандаи газотурбоход винти чархзананда мебошад, ки тавассути редуктор ё таҳвилдиҳандаи электрӣ ба ҳаракат оварда мешавад. Дар киштиҳои болишти ҳаводор винтҳои ҳавоӣ чун ҳаракатовар истифода мегарданд. Дар баъзе мавридҳо (мас., дар заврақҳои варзишии махсус) ҳаракатдиҳанда худи турбинаи газии реактивӣ мебошад (нигар Муҳаррики турбореактивӣ). Дар Русия солҳои 1960-70 киштии мусофиркаши газотурбоходи дарёии «Буревестник» фаъолият мекард. Ҳоло дар Русия газотурбоходи «Сиклон», ки болҳои зериобӣ дорад, хеле маъмул аст. Газотурбоход барои мусофиркашонӣ, интиқоли бор, масолеҳи сохтмон ва ғ. истифода мегардад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]