Гай Эккер
португалӣ: Guy Ecker | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Guy Frederick Ecker |
Таърихи таваллуд: | 9 феврал 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ: | Сан-Паулу, Бразилия |
Шаҳрвандӣ: |
ИМА Бразилия |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 1985-то ҳол |
Ҷоизаҳо: | TVyNovelas |
IMDb: | ID 0248564 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гай Фредерик Эккер португалӣ: Guy Frederick Ecker (9 феврал 1959, Сан-Паулу, Бразилия) — ҳунарпешаи амрикоиву бразилӣ. Ӯ дар синамои Амрикои Лотинӣ фаъолият мекунад.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]9 феврали соли 1959 дар Сан-Паулу дар оилаи Боб ва Марион Эккерҳо таваллуд шудааст. Оила аз ИМА барои истироҳат ба Бразилия рафтанд ва дар он ҷо актёри оянда таваллуд шудааст. Пас аз таваллуд, волидон ба Иёлоти Муттаҳида баргаштанд. Ӯ фарзанди сеюм дар оила буда, инчунин бародарону хоҳарон дорад: Ҷон, Эве, Эмӣ ва Лиа. Ӯ бо се забон ҳарф мезанад: португалӣ, испанӣ ва англисӣ, ки дар натиҷа ӯ воқеан дар бисёр кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳатто дар ИМА ба навор гирифта шудааст. Ӯ 5 сол дар Донишгоҳи Техас таҳсил намуда онро хатм кардааст.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳунарпеша дар рушди синамои Мексика саҳми бузург гузошта, соли 2001 дар силсилафилми телевизионии "Salome" дар нақши Хулио Монтесино нақш бозида, пас аз он дар бисёр кишварҳои ҷаҳон маъруфият пайдо кард, ки соли 2004 силсилафилми телевизионии мазкур бомуваффақият дар шабакаи телевизионии "ТВ Центр"-и Русия пахш шуд. 9 маротиба барои чор ҷоизаи гуногун пешбарӣ шудааст: ACE[1], TVyNovelas/Columbia, TVyNovelas/Mexico ва Premios People en Español. Дар натиҷа, ӯ дар се номинатсия (як пирӯзӣ аз се ҷоизаи аввал) ғолиб омад.
Аз соли 2010 то 2011 дар силсилафилми мелодрамавии амрикоии "Эволуно" нақши марказии Дониэл Вилянуэваро бозидааст, ки ҷуфти ӯро Бланко Сото иҷро намудааст. Силсилафилм дар Тоҷикистон низ тамошобинони худро пайдо намуд.
Эккер аз соли 2013-2014 дар теленовелаи колумбии Por siempre mi amor нақши Артуро де ла Риваро бозидааст. Дар маҷмӯъ, ӯ зиёда аз 20 кор дар филмҳо ва силсилафилмҳои телевизионӣ иштирок кардааст.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гай Эккер ду маротиба издивоҷ кардааст:
- Ҳамсари аввалини актёр ҳунарпешаи амрикоӣ, сароянда, барандаи телевизион ва продюсер Ниа Пиплз буд, ки ин издивоҷи чаҳоруми ӯ буд. Вай сарнавишти издивоҷҳои қаблии худро такрор кард - ҳамсарон ҷудо шуданд.
- Зани дуюми актёр Эстела Сайнз аст, ки ин издивоҷ хеле қавӣ ва пойдор аст, онҳо ду фарзанд доранд.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй | Нақш | Тавзеҳот |
---|---|---|---|
1994 | Café, con aroma de mujer | Sebastián Vallejo Cortez | |
1996 | Guajira | Helmut Heidenberg | |
1998 | La mentira | Demetrio Azúnsolo | |
2001 | Salomé | Julio | |
2003-2005 | Las Vegas | Detective Luis Perez | 12 қисм |
2006 | Heridas de amor | Alejandro Luque Buenaventura | |
2010 | Eva Luna | Daniel Villanueva | |
2011-2012 | Corazón apasionado | Armando Marcano | |
2012 | Rosario | Alejandro Montalbán | |
2013-2014 | Por siempre mi amor | Arturo de la Riva | |
2018-2020 | El Senor de los Cielos | Joe Navarro | |
2018 | El Recluso | John Morris[2] | |
2021-2022 | Parientes a la fuerza | George Cruz |
Вебновелаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2009: Vidas Cruzadas .... Daniel
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Artemio Arteaga y la santa hermandad (2007)
- Night Terror Movie (1989)
- The devil Wears White (1986)
- Streets of Death (1986)
- Blood Money (1985)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ В Нью-Йорке вручена премия ACE. Гай Эккер стал победителем премии
- ↑ Telemundo International Studios Unveils First Drama Series at NATPE. variety.com. Variety (17 January 2018).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 9 феврал
- Зодагони соли 1959
- Зодагони Сан-Паулу
- Ҳунарпешаҳо аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешамардони Испанӣ ва Амрикои Лотинӣ
- Ҳунарпешамардони телевизиони ИМА
- Ҳунарпешамардони синамои ИМА
- Ҳунарпешамардони телевизиони Бразилия
- Ҳунарпешамардони синамои Бразилия
- Ҳунарпешаҳои мард асри XX
- Ҳунарпешаҳои мард асри XXI