Галапагос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Галапагос
Нигора
Номида ба шарафи Chelonoidis nigra[d]
Кишвар
Пойтахт Puerto Baquerizo Moreno[d]
Воҳиди марзию маъмурӣ Galápagos Province[d]
Ҷойгир аст дар назди обанбори Уқёнуси Ором
Баландтарин нуқта Volcán Wolf[d]
Аз аъзои Man and the Biosphere Programme[d]
Баландӣ аз сатҳи баҳр 1,707 м
Минтақаи замонӣ UTC−06:00[d]
Навъи асари бостонӣ мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО
Масоҳат
  • 7,880 км²
  • 14,066,514 hectare
Вебгоҳи расмӣ galapagospark.org
islasgalapagos.org
Ҷуғрофиё Q3123419?
Меъёри баргузидагии ЮНЕСКО natural phenomena or areas of exceptional natural beauty[d][2], object represents major stages of earth's history, geological processes[d][2], example represents significant on-going ecological and biological processes[d][2] ва significant natural habitats for in-situ conservation of biological diversity[d][2]
UNESCO Biosphere Reserve URL unesco.org/mabdb/br/brdi…
[[Акс:|310px|Галапагос дар харитаи]]
Галапагос
Галапагос
Commons-logo.svg Галапагос дар Викианбор

Гала́пагос[3][4] (Галапаго́с, Галаҷазираи Коло́н[3], Ҷазираҳои Сагпуштҳо, Галапаго́сҳо; испанӣ: Islas Galápagos, аз испанӣ: galápago — навҳои сангпушти обии калон [5], испанӣ: Archipiélago de Colón) — гурӯҳи ҷазираҳои оташфишонӣ дар наздикиҳои хатти истивои уқёнуси Ором, қариб 1000 км ғарбтар аз Амрикои Ҷанубӣ.

Аз 13 ҷазираи асосии вулканӣ, 6 ҷазираи хурд, 107 сахра ва минтақаҳои обовар иборат аст. Ҷазираҳои бузургтаринаш: Исабела (Албемарл), Фердинандина (Нарборо), Сан-Салвадор (Ҷеймс), Санта-Крус (Индефатигабл) ва Сан-Кристобал (Чатем). Масоҳати умумии он 7,8 ҳазор км². Аҳолиаш 26,1 ҳазор нафар (2013). Музофоти Эквадор. Маркази маъмуриаш — шаҳри Пуэрто-Бакерисо-Морено (ҷазираи Сан-Кристобал).

Дар Галапагос оташфишонҳои хомӯш ва амалкунанда (баландиашон то 1707 м) мавҷуданд. Иқлими ҷазираҳо тропикии хушк (боришоти солона 100 мм ва камтар аз он). Ҳарорати миёнаи солона 23°С. Олами наботот ва ҳайвоноташ қутбӣ ва истивоӣ — лианаву ушна, парандаҳои тропикию моҳихӯракҳои арктикӣ, тӯтию пингвин ва тюленҳо бештар вомехӯранд. 89 намуд паранда дорад. Чорводорӣ ривоҷ ёфтааст. Дар Г. моҳиҳои оби ширин ва дубаҳра мавҷуд нестанд, сангпуштҳои азимҷусса ва калтакалосҳо зиёданд. Киштзорҳои найшакар, қаҳва ва банан дорад. Соли 1835 ба галаҷазираҳо Чарлз Дарвин омада буд. Дар ҷазираи Санта-Крус пойгоҳи байналмилалии таҳқиқоти илмии ба номи Ч. Дарвин (1964) сохта шудааст. Соли 1959 Эквадорро боғи миллӣ эълон карда, соли 1978 онро ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил намуданд.

Эзоҳ[вироиш]

  1. http://www.unesco.org/mabdb/br/brdir/directory/biores.asp?code=ECU+01&mode=all
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Galápagos Islands
  3. 3.0 3.1 Венесуэла, Колумбия, Гайана, Эквадор, Перу, Боливия, Западная Бразилия // Атлас мира / сост. и подгот. к изд. ПКО «Картография» в 2009 г. ; гл. ред. Г. В. Поздняк. — М. : ПКО «Картография» : Оникс, 2010. — С. 178—179. — ISBN 978-5-85120-295-7 (Картография). — ISBN 978-5-488-02609-4 (Оникс).
  4. Галапагос // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
  5. BBC: Галапагосы 2 серия(пайванди дастнорас — таърих). 9 январи 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 сентябри 2013.

Сарчашма[вироиш]