Галлҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Галлҳо
Ҷузъе аз Ancient Celts[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Галлҳо, (лот. Gallus – «хурӯс») — қабилаҳои келтӣ, сокини Галлия (аз садаи VI то м).

Ба ақидаи муаррихон макони баромадашон минтақаи байни д-ҳои Рейн ва Дунай буд. Галлҳо дар ҷамоаҳои авлодӣ (пагҳо) мезистанд. Дар охири садаи V галлҳо ба самти Ғарб (Фаронса, Испания, Британия) кӯч баста, дар охири садаи V ва ибтидои садаи IV то м. дар Итолиёи Шимолӣ сокин шуданд ва тақр. соли 390 то м. (ба қавли Полибий ва Диодот соли 387) Румро забт карданд. Галлҳо дар Итолиё қисман бо аҳолии муқимӣ омезиш ёфта, гурӯҳи дигарашон ба Галлия рафтанд. Дар асрҳои 3–2 то м. ҳудуди Швейсарияи имрӯза ва вилоятҳои шимолу шарқии Галлияро ишғол карданд. Галлҳо дар самти шарқ баъди забти Юнон, Балкан, соҳилҳои Дунай ва Осиёи Хурд давлати мустақили Галатияро таъсис доданд. Бо афзудани нобаробариҳои иҷтимоӣ (то садаи II то м.) дар байни галлҳо табақаи имтиёздори заминдорон, ҳарбиён ва коҳинон (друидҳо) ташаккул ёфтанд. Сарварони ҳукумат ва пешвоёни галлҳо аз ҷониби аъёну ашроф интихоб мешуданд. Дар садаи I то м. дар Галлия зиёда аз 350 ҷамоаи авлодии иборат аз 60 қабила вуҷуд дошт. Галлҳо монанди тангаҳои юнонӣ ва румӣ сиккаҳояшонро ба муомилот бароварда, тиҷоратро бо ҳамсоягонашон ривоҷ доданд. Галлҳо аз ибтидои садаи II то м. ба ҳамлаҳои кишварҳои ҳамсоя дучор шуданд. Баъдан румиҳо аз муборизаҳои дохилии қабилаҳои келтӣ истифода бурда, галлҳоро дар алоҳидагӣ ба империяи Рум тобеъ карданд Солҳои 59–51 то м. новобаста ба муқобилати шадиди галлҳо (ошӯби Версингеториг) ҳудуди Галлия аз ҷониби Юлий Сезар забт ва ба империяи Рум тобеъ карда шуд. Галлҳо баъдан дар замони тобеияташон ба империяи Рум арзишҳои фарҳангии румиҳоро қабул карданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ж. Л. Брюно. Галлы. М., 2011.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]