Гаммаи пурратонӣ
Гаммаи пурратонӣ — гаммаест (қаторовоз), ки дар он фосилаҳо байни ҳама зинаҳои ҳамсоя ба яктонии пурра баробаранд. Чунин Гамма дар таркибаш 6 садо дорад (якҷоя бо такрори октаваи якум - 7)
Дар Гаммаи пурратонӣ нимтониҳо вуҷуд надоранд. Вуҷуд надоштани нимтониҳо дар Гаммаи пурратонӣ кашишҳои одатшудаи ладро хароб мекунад, ки ин хислати мажор ва минор мебошад. Гаммаи пурратонӣро аллакай В. Мотсарт ба сифати эффекти ба худ хосдошта истифода мебурд. Дар операи «Руслан ва Людмила»-и М. Глинка Гаммаи пурратонӣ яке аз унсурҳои тавсифномаи мусиқии Черномор ҳисобида мешавад. Имконпазирии таъсирбахшии Гаммаи пурратонӣ (ва гармонияи ба вай хос бударо) дар мусиқии худ А. Бородин, Н. Римский-Корсаков истифода бурдаанд, алалхусус К. Дебюси онро васеъ ба кор бурдааст.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.92. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |