Гамсахурдия, Константин Симонович
гурҷӣ: კონსტანტინე გამსახურდია | |
Таърихи таваллуд: | 3 (15) май 1891 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 17 июл 1975[1] (84 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, диплумот, нависанда |
Жанр: | румони таърихӣ[d] |
Забони осор: | гурҷӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гамсахурдия Константин Симонович (гурҷӣ: კონსტანტინე სიმონის ძე გამსახურდია; (3 (15) майи 1891 — деҳаи Абаш, Кутаиси — 17 июли 1975, Тифлис) — нависанда ва муаррихи гурҷӣ. Академики АИ Гурҷистон (1944).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маълумоти ибтидоиро дар Кутаиси гирифта, сипас дар Донишгоҳи Петербург таҳсил намуд. Дере нагузашта таҳсилро қатъ карда, ба Олмон ҳиҷрат кард.
Фаъолияти илмию эҷодӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти илмиву эҷодии Константин Гамсахурдия дар донишгоҳҳои Кённигсберг, Лейпсиг ва Мюнхен идома ёфт. Баъди хатми Донишгоҳи Берлин (1918) ба кори дипломатӣ машғул шуд. Асарҳояш аз соли 1914 чоп шудаанд, яке аз асосгузорони Гурӯҳи академии нависандагон буд (1924). Дар нимаи дуюми солҳои 20 садаи XX ба таъқиб дучор гардида, ҳабс ва бадарға шудааст. Константин Гамсахурдия дар зери таъсири ҷараёни декадентӣ романи «Лабханди Дионис»-ро (1925) навишт. Романҳои «Рабудани моҳ» (ҷ-ҳои 1-3, 1935—1936) ва «Гулбандии навдаҳо» (1956) ба ҳаёту зиндагии деҳқонон бахшида шудааст. Дар романҳои таърихии «Дасти рости ҳунарманди бузург» (1939), "Довуди Бинокор (ҷ-ҳои 1- 4, 1941—1962) мавзӯъ ва раванди худшиносии миллӣ тасвир ёфтааст. Константин Гамсахурдия муаллифи ҳикоя ва повестҳо ва мунаққиду муаллифи чандин мақолаҳои адабӣ мебошад. Дар асарҳои Константин Гамсахурдия тасвири расму ойин ва анъанаҳои миллии гурҷӣ возеҳу равшан ба назар мерасанд. Ӯ асарҳои «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте, «Кулфати Вертери ҷавон»-и И. В. Гётеро ба забони гурҷӣ тарҷима кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сигуа А. С. Миф и ложка: Структуа прозы К. Гамсахурдиа. Тбилиси, 1984;
- Современная энциклопедия. М., 2000. Васильков Я. В., Сорокина М. Ю. Люди и судбы. Библ. словарь востоковедов — жертв политического террора в советский период (1917—1991). СПб., 2003.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гамсахурдиа Константин Симонович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 15 май
- Зодагони соли 1891
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 17 июл
- Даргузаштагони соли 1975
- Даргузаштагон дар Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо