Гандизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Маҳатма Ганди

Гандизм, таълимоти сиёсию иҷтимоӣ ва динию фалсафие, ки дар давраи муборизаи Ҳиндустон барои истиқлолият ба вуҷуд омадааст. Асосгузори он Маҳатма Ганди мебошад. Гандизм идеологияи ҳаракати милли озодихоҳӣ буда, ба он буржуазияи миллӣ роҳбарӣ мекард. Принсипҳои асосии сиёсӣ ва хусусиятҳои умдаи гандизм аз инҳо иборатанд: бо роҳи осоишта ба ҳаракати озодихоҳӣ ҷалб намудани оммаи васеи халқ; риояи усули ғайризӯрӣ; дар зери роҳбарии Конгресси миллии Ҳиндустон муттаҳид кардани халқи ҳинду; дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ – созиши синфҳо ва бо воситаи арбитраж ҳал намудани низои байни онҳо; идеализатсия кардани муносибатҳои патриархалӣ; даъват ба таҷдиди ҷамоатҳои қишлоқӣ ва ҳунари косибӣ, истинод ба ҳиссиёти динии оммаи халқ ва ғайра.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.