Jump to content

Ганҷи Зарафшон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ганҷи Зарафшон

«Ганҷи Зарафшон» — маҷмӯаи тазкирамонанд, мураттиб ва муаллифи сарсухан А. Абибов (нашр — Д., 1991).

Дар ин маҷмӯа дар бораи 304 нафар шоире, ки дар садаи XIX — ибтидои садаи XX зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маълумоти тарҷумаиҳолӣ ва намунаҳо аз ашъорашон дарҷ гардидааст. Шоироне, ки дар маҷмӯа номашон омадааст, марбут ба доираҳои адабии Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Панҷакент, Қӯқанд, Ӯротеппа (Истаравшан), Шаҳрисабз, Деҳнав, Бойсун мебошанд. Маъхази ин китоб баёзҳо (маҳфуз дар Душанбе, Тошканд, Санкт-Петербург), тазкираҳо («Тазкирату-ш-шуаро»-и Муҳтарам, «Туҳфату-л-аҳбоб»-и Возеҳ, «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё), «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ мебошанд. Агар дар бораи шоире маълумот дар як тазкира бошад, маълумоти дар ҳамон тазкира омада сабт гардидааст. Маълумоти дар бораи як шахс дар тазкираҳои гуногун овардашударо мураттиб ҷамъбаст карда, ҷой додааст. Аз эҷодиёти шоирони соҳибдевон ва маъруф намунаҳои ашъор кам оварда шудаанд. Аз эҷодиёти шоироне, ки девон надоштаанд ва ё девонашон дастрас нагардидааст, намунаҳои ашъор бештар оварда шудаанд.

Тартиби ҷой додани ашхос дар «Ганҷи Зарафшон», асосан, мутобиқ ба алифбои тоҷикист, вале дар чанд маврид ба сабабҳои техникӣ тартиби алифбо риоя нашудааст.