Jump to content

Гаравқалъа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гаравқалъа — ёдгории шаҳристони қадим (асрҳои 2-4 то м.), дар деҳаи Ғарави ҷамоати деҳоти ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон.

Ғаравқалъа дар қисмати ғарбии деҳаи Ғарав ва ҳавзаи рӯдҳои Даҳанасу ва Гулисой ҷойгир буда, тарҳи росткунҷа (500 х 600 м.) дошт. Дар аҳди Кушониён маркази водӣ буда, меъмории он замонро дар худ таҷассум кардааст. Шаҳристон аз панҷ қисм иборат буд: 1. Бахши марказӣ, росткунҷа (380х220 м), масоҳаташ 8,4 га, ки аз муҳити атроф дар баландии 6-8 м қарор дошта, онро хандақ (паҳноияш то 40 м) иҳота карда буд. 2. Арк, росткунҷа (100х140), масоҳаташ 1,4 га, дар зовияи шимолу ғарбии бахши марказӣ, ба иртифои 2 м аз он ҷойгир буд. Арк дар иҳотаи хандақ (паҳноияш 6-8 м) буд ва ягона гузаргоҳ онро бо бахши марказӣ мепайваст. 3. Иншооти шаҳркада, ки дар атрофи бахши марказӣ қомат афрохта буданд. Ҳудуди шаҳркада бо девори мудофиавӣ иҳота шуда, то лаҳзаи ҳафриёт бо иртифои 3 м боқӣ монда буд. Роҳи даромад ба шаҳркада аз зовияи шимолу ғарбӣ буд. 4. Гӯрхона 200 м дуртар аз шаҳркада, дар зовияи шимол ва шимолу шарқӣ қарор дошт. Гӯрхона бо шумори зиёди теппаҳояш то деҳаи Гулисойи имрӯза тӯл мекашид. 5. Маҳалли ҳунармандон, ки дар зовияи шарқии шаҳркада қарор ва кӯраҳои сафолпазӣ дошт. Имрӯз аз ёдгории Гаравқалъа танҳо бахши марказӣ ва арк боқӣ монда, қисмҳои дигар ба майдони пахтазор табдил ёфтаанд. Таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Гаравқалъа соли 1960 аз ҷониби Э. А. Юркевич оғоз шуда, ҳафриёти минбаъдаро бостоншиносон Б. А. Литвинский, Т. А. Зеймал (1963-66) ва А. Абдуллоев (1971-84) идома доданд. Ҳафриёти асосии бостоншиносӣ дар Гӯрхона ва Арк сурат гирифта, дар бахши марказии Гаравқалъа якчанд шурф гузошта шуд. Майдони умумии таҳқиқшудаи ёдгорӣ 40 м2 аст. Даҳ уфуқи стратиграфию харобаҳои ошкоршудаи арк ва бахши марказии Гаравқалъа имкон дод, ки шаш давраи муттасили ҳаёти шаҳристон муайян карда шавад. Иморатҳои маскунӣ ва ёрирасони Гаравқалъа аз похса ва хишти хом (30-34х30-34х10-12 см) сохта шуда, баъзе деворҳо бо иртифои 1-1,5 м ва паҳноияшон 0,8-1,1 м боқӣ мондаанд. Иморатҳо даҳлезшакл ва тарҳан чоркунҷа (8-12 м) буданд. Утоқҳо ба воситаи роҳравҳо бо ҳам пайваст шуда, баромадашон ба самти ҳавлӣ ё паскӯча буд. Зимни ҳафриёти шаҳристон беш аз 3278 адад маснуоти кулолӣ ёфт шуд, ки аксараш зарфҳои хӯрокпазӣ ва сафолӣ буданд.

Таснифи бозёфтҳо: кӯзаҳои якдаста ва дудастаи нақшин; зарфҳои сепоя, ҷомҳои зангӯлашакл; зарфҳои хӯрокпазӣ, зарфҳои обгирӣ ва захирасозии ғалла, равған ва ғ. (хум, хумчаҳо); дукҳои гилин, шаддаҳои сафолӣ ва сангӣ, ангуштарин ва ҳалқаҳои нуқрагин, дастпонаҳои биринҷӣ, мӯйхалонакҳои нақшин; маснуоти сангӣ: уғурак, санги осиёи дастӣ; ашёи филиззӣ: зарфпораи хурди биринҷӣ, сихҳои оҳанӣ; 30 адад ҳайкалчаи аспу буз, муҷассамаҳои одамон. Аз ҷумлаи бозёфтҳои ҷудогона табақчаи гирди дорои тасвири асп ва савора мебошанд.

  • Юркевич Э. А. Городище кушанского времени на территории Северной Бактрии // Советская археология, 1965, № 4;
  • Абдуллаев А., Бубнова М. А., Пьянкова Л. Т. Отчет о работах Яванского отряда в 1971 Гаравқалъа // Археологические работы в Таджикистан. Выпуск. Д., 1975;
  • Литвинский Б. А. Археологические работы в Таджикистане в 1962—1970 гГаравқалъа (некоторые итоги и проблемы) // Археологические работы в Таджикистан, Выпуск. 10. М., 1973;
  • Зеймаль Т. И. Позднекушанские слои в Южном Таджикистане // Центральная Азия в кушанскую эпоху, Т. II. М., 1975;
  • Абдуллаев А. Раскопки в Яванской долине в 1975 г // Археологические работы в Таджикистане, Выпуск. 15. Д, 1980;
  • Абдуллаев А. Разведки и раскопки в Яванской долине в 1971 Гаравқалъа // Археологические работы в Таджикистане. Выпуск. 16. Д, 1982;
  • Абдуллаев А. Отчет о работе Яванского археологического отрядаза 1978 Гаравқалъа // Археологические работы в Таджикистане. Выпуск. 18. Д., 1984;
  • Абдуллаев А. Отчет о работе в Яванской долине в 1979 Гаравқалъа // Археологические работы в Таджикистане, Выпуск. 19. Д., 1986.