Jump to content

Гарданаи Перекоп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гарданаи Перекоп (укр. Перекопський перешийок, қри.: Or boynu, Ор бойну, {{{2}}}‎) — минтақаи хушкӣ, ки нимҷазираи Қримро бо материк пайваста, баҳри Азовро (халиҷи Сиваш) аз баҳри Сиёҳ ҷудо мекунад.

Дар қисми шимоли Қрим воқеъ аст. Дарозиаш 30 км, бараш 8-23 км. Баландиаш то 20 м. Аз гил ва гилхок ташаккул ёфтааст; соҳилҳояш ҷаридор (то 5 м.). Сатҳаш ҳамвор буда, рустаниҳои даштӣ ва нимбиёбонӣ дорад. Дар қисмати ҷанубии Гарданаи Перекоп кӯлҳои шӯри Старое, Красное мавҷуданд. Дар гузашта Гарданаи Перекоп номҳои дигар дошт: Страбон онро Истм, генуягиҳо Зухало ва тоторҳои Қрим Ор меномиданд. Дар ҳудуди Гарданаи Перекоп шаҳри Армянск ва маҳаллаи Перекоп ҷойгиранд. Дар асрҳои 15-16 туркҳо дар сартосари гардана истеҳкоми азим (ба номи садди Туркия) сохтаанд, ки имрӯз бо номи садди Перекоп машҳур аст. Соли 1736 дар Ҷанги русу туркӣ (1735-39) русҳо садро ба даст дароварданд. Дар солҳои Ҷанги гражданӣ (1918-20) Артиши Сурх дар рафти амалиёти Перекоп — Чонгар (1920) истеҳкоми пурқуввати мудофиавии гвардияи сафедро дар Гарданаи Перекоп рахна карда, Қримро озод намуд. Соли 1944 дар рафти амалиёти Қрим Артиши шӯравӣ хатти мустаҳками мудофиавии лашкари фашистонро дар Гарданаи Перекоп рахна кард. Дар ҳудуди Гарданаи Перекоп шоҳроҳҳои автомобилгард, р. о., хатти интиқоли барқ, наҳри Қрими Шимолӣ мегузаранд, ки барои Қрим аҳамияти бузург доранд.