Гарданаи Суэс
Зоҳир
Гарданаи Суэс (ар. برزخ السويس) — минтақаи хушкӣ, ки Африқо ва Осиёро ба ҳам пайваст ва баҳри Миёназамину баҳри Сурхро аз ҳам ҷудо кардааст. Бараш 112 км.
Гарданаи Суэс минтақаи фурӯхамидаи тектоникӣ буда, бо ҷинсҳои гилӣ пур шудааст. Релефаш ҳамвор, дар қисми ғарбӣ хомаю регтеппа дорад. Дар пастиҳо ҷо-ҷо шӯрзамин ва кӯлҳои шӯр (бузургтаринаш Кӯли Калони талх) вомехӯранд. Иқлимаш субтропикии биёбонӣ. Аз Гарданаи Суэс Канали Суэс мегузарад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гарданаи Суэс // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.