Гармаи сершира
Зоҳир
Гармаи сершира — навъи себи маҳаллии пешпазак.
Дарахташ калони курашакл (баландиаш 5,0 м, қутри шохсораш 6,5 м), сершохубарг. Ниҳоли гармаи сершира соли 4-ум самар оварда, соли 7-ум ҳар дарахти он то 95 кг ва дар давраи комилан ба самар даромадан, то 120 кг мева медиҳад. Мевааш миёнаҳаҷм (вазнаш 80-110 г), андаке паҳн, кабуди зардча, тобиши гулгун ё норанҷӣ дорад; думчааш кӯтоҳ. Мағзи мевааш сафеди зардтоб, сершира ва хуштаъм; 12,3 % қанд, 15,7 % моддаҳои хушк, 0,72 % туршӣ ва 8,9 мг% витамини С дорад. Ҳосилаш нимаи дуюми моҳи июн мерасад. Бештар дар ноҳияи Ҳисор ва ноҳияи Ваҳдат парвариш мешавад. Дарахти гармаи сершира ба касалии ширинча тобовар нест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Назиров Х. Н. Местные сорта яблони Таджикистана. Д., 2011.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гармаи сершира // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.