Гармхона
Гармхона, гулхона (форсӣ: گلخانه) — бино барои парвариши сабзавот ва ниҳолу қаламчаи он, гул ва ғайра.
Дар гармхона рустаниро ҳамон вақт парвариш мекунанд, ки агар дар ҳавои кушод рушду инкишофи он ба сабаби номусоидии обу ҳаво номумкин бошад. Бом ва деворҳои гармхона-ро барои гузаштани рӯшноӣ аз шиша, плёнкаҳои полимерӣ, шишаҳои полимерӣ, шишаҳои органикӣ ва дигар масолеҳи шаффоф месозанд. Дар мавзеъҳои иқлимашон сард дар гармхона рустаниҳои гармидӯст, хусусан рустаниҳои тропикӣ ва субтропикиро парвариш намуда, корҳои селексионӣ анҷом медиҳанд. Дар муассисаҳои илмӣ дар гармхона таҷрибаҳои биологӣ ва физиологӣ доир менамоянд.
Вобаста ба тарзи зироат гармхона заминӣ ва рафдор, аз рӯйи муҳлати истифода зимистона (тамоми сол истифода мебаранд) ва баҳорӣ (асосан баҳор, тобистон ва баъзан тирамоҳ ба кор мебаранд) мешавад. Гармхонаи зимистонӣ шишабандӣ карда мешавад; гармхонаи баҳориро бо шиша ё плёнка мепӯшанд. Вобаста ба ҳаҷм ва лоиҳа гармхона якқатора, чандқатора ва аз рӯйи сохти бомаш якрӯя, дурӯя ва мавҷмонанд мешаванд. Гармхонаҳои ҳидропонӣ низ мавҷуданд (нигар Ҳидропоника).
Қисмҳои асосии гармхонаҳои шишабанд аз таҳкурсӣ, оҳанбаст ва бом иборат аст. Таҳкурсӣ аз хишт ё плитаҳои оҳанубетонӣ сохта мешавад. Деворҳои паҳлу ва миёнаро аз боло шишакорӣ карда, аз поён бо хишт ё бетон месозанд. Дар гармхонаи зимистонӣ баландии пойдевор бояд аз 0,8 м ва дар гармхонаи баҳорӣ аз 0,3 м зиёд набошад. Барои пӯшидани гармхона шишаи ғафсиаш 3–6 мм истифода мешавад. Гармхонаро ба тавассути бодхон ё болодарӣ шамол медиҳанд. Бодхон ё болодарӣ бояд 20–25%-и масоҳати умумии сатҳи шишакории гармхонаро ташкил диҳад. Дар даруни баъзе гармхонаҳо раф месозанд. Дар рафҳо, маъмулан, ниҳоли рустаниҳои гуногунро мепарваранд.
Гармхона бо оби гарм, буғ, қувваи барқ, газ ва ҳатто ҳезум гарм карда мешавад. Гармхонаҳои офтобӣ низ мавҷуданд. Аз таъсири нури офтоб ҳарорат дар дохили гармхона рӯзи ҳавои соф ба 10–20°С мерасад. Гармхонаҳои баҳориро, маъмулан, бо пору ва дигар партовҳо гарм мекунанд. Дар Тоҷикистон мавҷудияти захираи газҳои табиӣ ва обҳои гарми зеризаминӣ имконият медиҳанд, ки гармхонаҳои калон сохта шаванд. Барои пурсамар истифода бурдани гармхона аз усули зироатгардон истифода менамоянд. Муҳлати байни ғунучини зироати якум ва кишти зироати дуюм бояд аз чанд рӯз беш тӯл накашад.
Дар шароити Тоҷикистон дар гармхона (лимухона)-ҳо ба ғайр аз сабзавоту гул ва ниҳолҳо, ҳамчунин рустаниҳои ситрусӣ парвариш карда мешаванд. Хусусан лимухонаҳои зеризаминӣ маъмуланд.
Масоҳати гармхонаҳо дар ҷумҳурӣ, га (январи 2014)
Мантиқа | Помидор | Бодиринг | Сабзавоти дигар | Рустаниҳои ситрусӣ |
Дар ҷумҳурӣ | 24,15 | 18,0 | 19,34 | 380 |
Вилояти Суғд | 8,97 | 6,19 | 10,17 | 10 |
Вилояти Хатлон | 11,98 | 9,41 | 3,71 | 350 |
Ноҳияҳои тобеи марказ | 3,20 | 2,40 | 5,46 | 16 |
ВМКБ | – | – | – | 1 |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Цулая В. И. Дар хандақҳо парвариш кардани лиму. Д., 1968;
- Холматов Д. Лимуи Вахш. Д., 1976;
- Махмадбеков С. Цитрусоводство в Таджикистане. Д., 1978;
- Алиев Э. А. Выращивание овощей в гидропонных теплицах. М., 1985;
- Гулов С. М. Асосҳои илмии парвариши рустаниҳои ситрусӣ дар Тоҷикистон. Д., 2010.
- Ҳамон. Ситруспарварӣ. Д., 2010; Ахатов А. К. Огурцы и томаты в теплицах. М., 2011;
- Мелникова Н. Выращивание рассады овощей. М., 2011.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гармхона / С. Гулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.