Гармчашма (табобатгоҳ)
«Гармчашма» — маҷмааи табобатию сайёҳӣ воқеъ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ.
Аз «Гармчашма» то маркази ноҳия 60 км, то шаҳри Хоруғ 45 км. Омили асосии табобатии «Гармчашма» оби шифобахши Гармчашма аст. Иқлими маҳал континентии хушк буда, тобистон гарм, зимистон муътадил аст. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июл +31,6°С, январ — 19,5°С. Боришоти солона — 100 мм. Дар як сол 2500-3000 соат давраи офтобист. Намнокии ҳаво ба ҳисоби миёна 43 %. Дар ноҳия фасли баҳор аз 3 март оғоз ёфта, то 3 июн, тобистон аз 4 июн то 18 сентябр, тирамоҳ аз 19 сентябр то 19 декабр, зимистон аз 20 декабр то 2 март давом мекунад.
Соли 1957 дар назди чашма осоишгоҳи балнеологии Помир бунёд карда шуд, ки 50 кат дошт. Ба он аз тамоми гӯшаю канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беморон барои табобат меомаданд. 25 июни соли 2010 дар ҷойи он маҷмааи «Гармчашма» бо тарҳу нигоҳи замонавӣ сохта шуд. «Гармчашма» аз 5 бинои замонавӣ, варзишгоҳ, иншооти табобатию фароғатӣ, меҳмонхона («Сомон ТМ»), майдончаҳои баскетбол, волейбол, теннис ва офтобдиҳии бадан барои занону мардон иборат аст. «Гармчашма» чанд микроавтобус дорад, ки ба мизоҷон хидмат мерасонанд. Дар «Гармчашма» бемориҳои пӯст (псориаз, экзема, нейродермит, склеродермия, хориши пӯст, моҳипӯстӣ, шукуфаи сурх, парапсориаз ва ғайра), бемориҳои роҳи нафас, узвҳои такя ва ҳаракат муолиҷа карда мешаванд. Усулҳои табобат дар «Гармчашма»: обзанҳои умумии давомоташон 10-15 дақиқа (5-6 рӯз муттасил, як рӯз истироҳат). Барои беморони гирифтори псориази музмин, қубо (экзема), нейродермит, склеродермия ва ғ. 24 маротиба таъйин карда мешаванд. Ҳамин гуна обзанҳоро 2-3 рӯз пай дар пай (дар як даври муолиҷа 22-24 маротиба) низ таъйин мекунанд (рӯзи чаҳорум истироҳат). Он хусусан барои илоҷи парапсориаз, хориши пӯст ва экзема нафъ дорад. Дар «Гармчашма» аз офтобшифоӣ (гелиотерапия) низ истифода карда мешавад. Ваннаҳои офтобиро баъди 2-3 соати қабули обзанҳои минералӣ (аз 5-7 то 15-30 дақиқа) рӯздармиён (ҳамагӣ 12-15 навбат) таъйин менамоянд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М. Лечебные минеральные источники Памира. Д., 1994;
- Зоиров П. Т., Рахматов Б. Р. Целебные минеральные источники Таджикистана и болезни кожи. Д., 2003.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гармчашма / П. Зоиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.