Гачбурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
The Dąbski Palace1.JPG

Гачбурӣ (форсӣ: کچبوری‎) — ҳунари сохтану таҳия кардани гач барои сақфу деворҳои бино; буридани нақшҳои гачӣ.

гачбурӣ дар ҳар минтақа ва дар ҳар давру замон шаклу шеваҳои хосси худро дошт. Гач аз замонҳои хеле қадим ба ҳайси масолеҳи бинокорӣ ба кор мерафтааст. Дар қадимтарин бинои дунё (4 ҳазор сол пеш) — Аҳроми Миср гачро ба ҷойи моддаи часпандаи муқовим баъд аз таҳсутун дар байни сангҳо истифода бурдаанд. Қадимтарин асари гачбурӣ дар ҳудуди Эрон аз Ҳафттеппаи Хузистон пайдо шудааст, ки ба даврони пеш аз таърихи Эрон ва ба ҳунару тамаддуни Эломиён тааллуқ дорад. Намунаҳои нақшҳои гуногуни гачӣ аз харобаҳои Мадоин (Тайсафун; дар осорхонаҳои Берлин нигаҳдорӣ мешавад) ва наздикии Варомин (дар Осорхонаи Пансилванияи Амрико маҳфуз аст) низ пайдо шудаанд. Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ низ гачбурӣ аз аҳди қадим равнақ ёфта буд. Барои гачбурӣ навъи беҳтарини гач — «гулгач» (гачи бисёр сафеду нарм)-ро ба кор мебаранд. Нахуст гачро ба шакли моеъ (ба он ба миқдори зарурӣ об андохта) тайёр мекунанд. Маҳлули омехта аз гачу об пас аз муддате ба хамири нарм табдил меёбад ва гачбур дар ҳамон ҳолат онро бо андова ба сатҳе мемолад ё аз он нақшҳои дилхоҳ мебурад. Пас аз сахт шудани гач гачбур бо абзори хосси худ ба пардоз додани он шурӯъ мекунад.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]