Гварини, Гварино

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гварини, Гварино
Guarino Guarini.jpg
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 17 январ 1624(1624-01-17)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 март 1683(1683-03-06)[4][1][5][…] (59 сол)
Маҳалли даргузашт

Гвари́но Гвари́ни (Guarino Guarini; 17 январ 1624, Мудено6 марти 1683, Милан, Итолиё) — меъмор, навозанда, риёзидони итолиёӣ; узви иттиҳоди театинсҳо, яке аз устодони барҷастаи барокко дар Итолиёи Шимолӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Дар Рум таҳсил карда, бо эҷодиёти Ф. Барромини ошно шуд. Дар Моден, Мессин, Прага, Лиссабон, Порис кор кардааст. Асарҳои асосии худро дар даргоҳи герсоги бузурги Савоя офаридааст. Капеллаи Сантиссим Синдон дар калисои ҷомеи Сан-Ҷованни (1997–90), хори калисои ҷомеи Сан-Лоренсо (1668–87), қасри Кариняно (1679–81) дар Турин ва қалъаи Ракониҷи (1680) дар музофоти он аз ҷумлаи онҳоанд. Гварино Гварини барои ноил шудан ба зебоӣ ва пурамалии ниҳоӣ таъсири мураккаби рӯшноӣ ва усулҳои тазодҳои рангини нафисро, ки зебошиносии борокко ба онҳо асос ёфтааст, васеъ истифода бурдааст. Гварино Гварини муаллифи рисолаҳои риёзӣ, астрономӣ, фиқҳӣ ва меъморӣ мебошад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]