Гейгер, Ҳонс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гейгер, Ҳонс
олмонӣ: Hans Geiger
Geiger,Hans 1928.jpg
Таърихи таваллуд:

30 сентябр 1882(1882-09-30)[1][2][…]

Зодгоҳ:
Тахрихи марг:

24 сентябр 1945(1945-09-24)[1][2][…] (62 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

физик

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Роҳбари илмӣ:

Eilhard Wiedemann[d] ва Эрнест Резерфорд

Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Гейгер, Ҳонс дар Викианбор

Ҳонс Вилҳелм Гейгер (олмонӣ: Johannes "Hans" Wilhelm Geiger; 30 сентябри 1882, Нойштадт — 24 сентябри 1945, Потсдам) — физикдони озмоишгари олмонӣ, узви АИ Берлин (1937).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Донишгоҳи Эрланген (1906). Солҳои 1906−1922 дар Донишгоҳи Манчестер, 1912-1914 ва 1918-1924 дар Донишкадаи техникии Берлин кор кардааст. Профессори донишгоҳҳои Кил (1925), Тюбинген (1929-36) ва Берлин (1936) буд. Таҳқиқоти Ҳонс Гейгер, асосан, ба соҳаҳои физикаи ҳаста, атом ва нурҳои кайҳонӣ бахшида шудаанд. Соли 1908 барқаи электронро чен карда, ҳамроҳи Э. Резерфорд асбоберо барои заррачаҳои алоҳида ихтироъ намуд. Соли 1928 ҳамроҳи В. Мюллер ин асбобро такмил дод (ҳисобгираки Гейгер-Мюллер). Солҳои 1909-10 ҳамроҳи Э. Марсден пароканиши алфа-зарраро дар лавҳаҳои тунуки филиззӣ санҷида, бо ёрии усули синтилятсия муқаррар кард, ки миқдори ками зарраҳо ба кунҷҳои калон (аз 8000 зарра 1 зарра ба кунҷи калонтар аз 90о) пароканда мешаванд. Ин санҷишҳо барои кашфиёти ҳастаи атом аз ҷониби Э. Резерфорд нақши ҳалкунанда бозиданд. Ҳонс Гейгер якҷо бо физики англис Ҷ. М. Неттол соли 1911 формулаи таҷрибавиеро пешниҳод кард, ки он собитаи коҳиши радиоактивиро бо қувваи алфа-зарра (қонуни Гейгер-Неттол) алоқаманд мекард. Ҳонс Гейгер ҳамроҳи олими олмонӣ В. Боте қонунҳои нигаҳдории энергия ва импулсро ҳангоми вокуниши атомҳо дар эффекти Комптон ба таври таҷрибавӣ исбот намудааст. Ҳонс Гейгер узви Академияи «Леополдина» (1935) буд. Дорандаи ҷоизаи Нобел. Бо медали Д. Юз (1929) сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]