Jump to content

Гейландит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гейландит
Формула (Ca,Sr,K2,Na2)[Al2Si6O16]•5H2O
Физические свойства
Цвет бесцветный или белый, жёлтый, розовый до кирпично-красного
Цвет черты белый
Блеск стеклянный, перламутровый
Прозрачность полупрозрачный
Твёрдость 3,5 - 4
Плотность 2,18 - 2,2 г/см³
Сингония моноклинная

Гейландит — минерал, силикати варақаӣ аз гурӯҳи сеолитҳо. Формулаи химиявияш (Ca,Sr,K2,Na2)[Al2Si6O16]•5H2O.

Таркибаш аз 9,2% CaO, 16,8% Al2O3, 59,2% SiO2, 14,8% H2O иборат аст. Сохтори кристаллбандиаш моноклинӣ. Кристаллҳояш габитуси алвории изометрӣ, донадор, баъзан шуоӣ ва пулакча доранд. Рангаш сафед, қаҳваӣ, баъзан хокистарӣ. Ҷилояш шишаӣ, абрешимӣ, садафӣ. Ранги хокааш сафед, шаффоф ва нимшаффоф. Сахтиаш 3,5–4. Вазни хоссаш 2,18–2,22. Дар холигиҳои сангҳои эффузивӣ (базалтҳо ва андезитҳо), скарнҳо, ҳамроҳи сеолитҳои дигар, гаранатҳо ва аксинит дучор меояд. Конҳояш дар Идар-Оберштейн (Рейнланд), Санкт-Андреасберг (Гартс; Олмон), Мумбайи Ҳиндустон, Голеро (Красноярски Русия) ба қайд гирифта шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷанобилов М. Минералогия. Д., 2011.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]