Гелвин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Гелвин
Helvite-helv-02d.jpg
Формула Mn4(Be3Si3O12)S
Физические свойства
Цвет Жёлтый, жёлто-бурый, красный, реже зеленёоватый
Цвет черты От белого до жёлто-коричневого
Блеск Стеклянный
Прозрачность Мутно-просвечивающий, иногда прозрачен
Твёрдость 6—6,5
Спайность Несовершенная по (111)
Излом Неровный
Плотность 3,2—3,44 г/см³
Сингония Кубическая

Гелви́н (англ. helvite, олмонӣ: helvin) — минерал аз гурӯҳи содалит.

Формулаи кимиёиаш (Mn, Fe, Zn)8 (BeSiO4)6 S2. Таркибаш аз 32,46 % SiO2, 13,6 % BeO, 51,12 % MnO иборат аст. Баъзан то 15 % FeO ва то даҳҳо фоиз ZnO дошта метавонад. Сохтори кристаллбандиаш кубӣ. Дар шакли кристаллҳои гексаэдрӣ, октаэдрӣ ва доначаю заррачаҳо дар пегматитҳо, сиенитҳои ишқории грейзенгашта, гранитҳо, рагҳои кварсӣ ва конҳои скарнии минералҳои серифиддор вомехӯрад. Рангаш зард, зардчатоб, сурхи қаҳваӣ, баъзан сабз. Ҷилояш шишагун, шаффоф, баъзан хира. Ранги хокааш аз қаҳвагии паст то сафеди беранг. Сахтиаш 6-6,5, зичиаш 3200-3700 кг/м3. Вазни хоссаш 3,2-3,4. Конҳои Гелвин дар Норвегия, ИМА, Мексика ёфт шудааст. Дар конҳои Шварсенберг (Олмон), Капник (Руминия), Урал ва дигар ҷойҳо дучор меояд. Агар захираи калон дошта бошад, метавонад, ҳамчун маъдани бериллий истифода шавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷанобилов М. Минералогия. Д., 2011.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]