Генерал-бас
Генера́л-бас (олмонӣ: Generalbaß лафзан: «баси умумӣ») — овози паст (бам)-и тавассути рақами ишорашуда, ки дар овозҳои баланд бо садои паст ҳамовозӣ мекунад.
Генерал-бас охири садаи XVI дар Итолиё зимни ҳамовозии арғунун ва клавесин дар асарҳои бисёровоза пайдо шуд. Пайдоиши генерал-бас бо инкишофи пуравҷи гемофония дар мусиқии аврупоӣ алоқаманд аст. Дар аввали садаи XVII генерал-бас бо суръати тез дар мамлакатҳои Аврупо паҳн шуд. Солҳои паҳншавии генерал-бас (тақр. 1600—1750)-ро «давраи генерал-бас» меноманд. Намунаҳои генерал-бас дар асарҳои К. Монтеверди, А. Корелли, А. Скарлетти, И. С. Бах, Г. Ф. Гендел, Ҷ. Пергозели ва дигарон дида мешаванд. Аз нимаи садаи XVIII генерал-бас аз истифода баромад. Лекин то ҳол дар амалияи педагогӣ чун фанни таълимӣ оид ба ороиши ҳамовозӣ истифода мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Генерал-бас / Ш. Ҳабибов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.