Jump to content

Генодерматозҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Генодерматозҳо
ИхтисосPediatrics, dermatology Edit this on Wikidata
Генодерматозҳо
eMedicine / 
MeSH D012873

Генодерматозҳобемориҳои ирсии пӯст, ки бар асари мутатсияи генҳо (ҷиҳати рушд ва фаъолияти баҳинҷори пӯст зарур аст) рух менамоянд.

Генодерматозҳо дар натиҷаи мутатсияи як ген (Генодерматозҳо-и моногенӣ) ё таъсири мутақобили гену омилҳои гуногун (генодерматозҳи гуногуномил) ба вуҷуд меоянд. Нақси ирсии пӯст ҳангоми бемориҳои хромосомӣ, мас., синдроми Даун низ ба мушоҳида мерасад. Генодерматозҳо-и гуногуномил (псориаз, нейродермит ва ғайра) зиёдтар вомехӯранд. Онҳо бо роҳи аутосомӣ-доминантӣ ва гоҳе аутосомӣ-ретсессивӣ ба насл мегузаранд. Генодерматозҳо бештар баъди таваллуд ё дар моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак мушоҳида мешаванд; баъзе генодерматозҳо (мас., синдроми Вернер) дар калонсолон падид меоянд. Онҳо аз бемориҳои узвҳои дарун низ (синдроми Пейтс-Егерс-Турен) дарак медиҳанд. Муолиҷаи бисёр Генодерматозҳо душвор аст.

  • Иванов О. Л. Кожные и венерические болезни. М., 2000.
  • Ефремов А. В. Генодерматозы. Новосибирск, 2003.