Jump to content

Георгий Бериев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Георгий Бериев
Таърихи таваллуд 13 феврал 1903(1903-02-13)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 12 июл 1979(1979-07-12) (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ aircraft industry[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Medal "For Battle Merit" Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Twenty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "Veteran of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "30 Years of the Soviet Army and Navy" Jubilee Medal "40 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "50 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "60 Years of the Armed Forces of the USSR" Medal "For Impeccable Service" Medal "For Impeccable Service", 1st class Medal "For Impeccable Service", 2nd class
Stalin Prize, 2nd degree Ҷоизаи давлатии СССР Мукофоти сталинӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гео́ргий Миха́йлович Бери́ев (гурҷӣ: გიორგი მხეილის ძე ბერიაშვილი, 13 феврали 1903, Тифлис 2 июли 1979, Маскав) — авиаконструктори машҳури шӯравӣ, генерал-майори хадамоти муҳандисию техникӣ (1951), доктори илмҳои техникӣ (1961).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Донишкадаи политехникии Ленинград (1930) чун конструктори Бюрои конструктории самолётсозии таҷрибавии баҳрии Иттиҳодияи умумииттифоқии авиатсионӣ (КБ МОСВАО) таҳти сарварии конструктори фаронсавӣ П. Э. Ришар кор кардааст. Аз соли 1934 то 1968 сарконструктор ва сардори Бюрои марказии конструктории самолётсозии баҳрии назди Заводи самолетсозии шаҳри Таганрог буд. Таҳти роҳбарии ӯ ҳидросамолётҳои МБР-2, МП-1, МП-1Т, самолётҳои катапултадори КОР-1 ва КОР-2, Бе-6, заврақи реактивии Бе-10, амфибияи Бе-12 (бо модификатсияҳо) ва Бе-12ПС; МДР-5, МБР-7, ЛЛ-143, Бе-8, Р-1, Бе-14, мусофиркашони Бе-30 (Бе-32), самолёт-снаряди таҷрибавии П-10 сохта шудаанд. Соли 1943 лоиҳаи заврақи парвозкунандаи ПЛЛ-143 таҳия ва соли 1944 амсилаи ПЛЛ-144 сохта шуд. Бериев узви Шӯрои илмӣ-техникии Кумитаи давлатии ИҶШС оид ба техникаи авиатсионӣ, Кумитаи давлатӣ оид ба киштисозӣ ва Шӯрои илмӣ-техникии авиатсияи Флоти ҳарбии баҳрӣ буд.

Ҷоизаву орденҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1947, барои сохтани Бе-6) ва Мукофоти давлатии СССР (1968, барои сохтани Бе-12). Бо ду ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.