Jump to content

Георг Фридрих Гротефенд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Георг Фридрих Гротефенд
олмонӣ: Georg Friedrich Grotefend
Таърихи таваллуд 9 июн 1775(1775-06-09)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 декабр 1853(1853-12-15)[1][2][3][…] (78 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ шарқшиносӣ
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Георг Фридрих Гро́тефенд (олмонӣ: Georg Friedrich Grotefend; 9 июн 1775[1][2][3][…], Ҳонн. Мунден[d]15 декабр 1853[1][2][3][…], Ҳаннофер[4]) — филолог, катибашиноси олмонӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гимназияи шаҳри Мюнхенро хатм карда, ба пажӯҳиши забон ва адабиёти Юнони Қадим даст зад. Минбаъд дар Донишгоҳи Гётинген таҳсил кардааст. Дар гимназияи хатмкардааш, инчунин дар литсейи шаҳри Франкфурт дарс медод. Соли 1821 директори литсейи Ҳанновер таъйин гардид. Аз оғози фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ Георг Фридрих Гротефенд ба таҳқиқу рамзкушоии катибаҳои қадими Шарқ, аз ҷумла хатти мехӣ майлу рағбат дошт. Соли 1819 ӯ аз ҷумлаи муассисон дар таъсиси «Анҷумани таърихи бостони Олмон» буд. Оид ба лаҳҷаҳои умбрӣ ва сокӣ, сиккаҳои бохтарӣ ва ғ. рисолаҳову мақолаҳо ба табъ расонд. Дар муддати кӯтоҳ катибаҳои дар кӯҳи Бесутун ба хатти мехӣ навишташударо хонд. Азбаски номи шоҳони эронӣ дар осори юнонӣ сабт шуда буданд, дар катибаҳои хатти мехӣ вай номи Доро, Виштосп (Гуштосп), Хашиёршоҳро хонда тавонист. Георг Фридрих Гротефенд дар кори худ аз матнҳои интишоркардаи олимони Дания — Мюнтер, Карстен Нибур ва аз асарҳои ҳамватану мураббиаш Олаф Герхард Тихсен, инчунин донишманди фаронсавӣ Силвестр де Саси (ному унвони шоҳони Сосониро аз рӯи матнҳои паҳлавӣ муайян карда буд) истифода бурд. Георг Фридрих Гротефенд аломатҳои такроршавандаро дар хатти мехӣ кашф кард, онҳоро ба ҳам муқоиса намуд ва ҷумлаҳои «Ман Доро шоҳ, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, Виштоспро писар, ҳахоманишӣ» ва «Хашиёршоҳ шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳ Дороро писар, ҳахоманишӣ»-ро хонд. Умуман, Георг Фридрих Гротефенд дар таҳқиқи хатти мехӣ чунин нуктаҳоро муқаррар кард:

  1. катибаҳои давраи Ҳахоманишиён ба се забон навишта шудаанд;
  2. ҳуруфи матни форсии онҳо на ҳиҷоӣ, балки алифбоиянд;
  3. онҳоро аз чап ба рост бояд хонд;
  4. алифбои он дорои 40 аломат аст; барои ишораи садонокҳои кӯтоҳу дароз аломатҳо мавҷуданд;
  5. катибаҳо ба забони занд навишта шуда, ба замони ҳукмронии шоҳони ҳахоманишӣ дахл доранд.

Аз нуктаҳои мазкур нуктаи панҷум ғалат баромад, чунки дар пажӯҳишҳои баъдӣ ба субут расид, ки катибаҳои Ҳахоманишиён на ба забони занд (забони авестоиро дар асрҳои 18-19 дар Аврупо занд мегуфтанд), балки ба забони форсии бостон, эломӣ, аккадӣ навишта шудаанд. Гарчанде дурустии на ҳама рамзкушоиҳои Георг Фридрих Гротефенд собит гардиданд, вай асосгузори рамзкушоии хатти мехии забони форсии бостон ба шумор меравад; аксари пажӯҳишҳои баъдӣ ба кашфиёти ӯ асос ёфтаанд. Георг Фридрих Гротефенд оид ба омӯзиши катибаҳои Ҳахоманишиён ва катибаҳои мехии Бобил асарҳо ба табъ расондааст.

  • Neu Beiträge zur Ezläuterung der persepolitanischen Keilschrift. Hannover, 1837.
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
  4. 4.0 4.1 Гротефенд Георг Фридрих // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  • Саймиддинов Д. Форсии бостон. Д., 2007;
  • Оранский И. М. Введение в иранскую филологию. М., 1960;
  • Дабльхофер Э. Знаки и чудеса. М., 1963;
  • Керам К. Боги, гробницы, ученые. Роман археологии. М., 1963 — СПб, 1994;
  • Утевская П. Слов драгоценные клады. М., 1987. М. Диловаров.