Jump to content

Гестапо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Геста́по (олмонӣ: Gestapo; ихтисора аз олмонӣ: Geheime Staatspolizei, «пулиси давлатии махфӣ») — мақоми иктишофӣ ва контрразведкаи сиёсии Олмони нозӣ.

Гестапо соли 1933 ҳамчун шуъбаи 1 А (ҷиноятҳои сиёсӣ) дар ҳайати ВКД-и Пруссия таъсис ёфта, пас аз роҳбари шуъба таъйин гардидани Рудолф Дилс политсияи махфии давлатӣ ном гирифт. Аз соли 1934 Ҳенрих Ҳиммлер роҳбарии расмии гестапо ва Ҳенрих Мюллер роҳбарии бевоситаи онро ба уҳда доштанд. Соли 1936 гестапо ва политсияи ҷиноии Олмон бо ҳам муттаҳид карда шуда, политсияи бехатарӣ ташкил ёфт. Минбаъд гумоштагони гестапо дар ҳизбҳои сиёсӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва маҳалҳои иқоматӣ фаъолият намуда, ба таъқиб ва ҷустуҷӯи мухолифони сиёсии низоми фашистӣ машғул буданд. Фаъолияти гестапо берун аз назорати судҳои маъмурӣ сурат гирифта, он дар назди ҳеч мақомоти давлатӣ масъул ва ҳисоботдиҳанда набуд. Дар замони таъсисёбӣ гестапо 10 шуъба дошт: шуъбаи умумӣ барои ҳабскунӣ ва 9 шуъбаи дигар барои назорат аз болои ҳаракатҳои сиёсӣ. Дар замони роҳбарии Ҳ. Ҳиммлер он ба 3 шуъбаи асосӣ: раёсат, политсияи сиёсӣ ва политсияи муҳофизатӣ тақсим карда шуд. Соли 1939 политсияи бехатарӣ ва Хадамоти амниятии рейхсфюрер (СД) бо ҳам муттаҳид гардида, Сарраёсати идораи амнияти империя (РСҲА)-ро таъсис доданд. Гестапо бо роҳбарии Ҳ. Мюллер ҳамчун раёсати 4 (бо номи мубориза бо душман) ба ҳайати РСХА дохил гардид. Соли 1941 қисмҳои СД ба ҳайати гестапо дохил карда шуда, раёсати 4 номи «Ҷустуҷӯ ва мубориза бо душман»-ро гирифт. Вобаста ба тағйироти сохтори гестапо шумораи кормандони он низ тағйир ёфта, соли 1933-юм 50 нафар, соли 1935-ум 4200 нафар ва дар охири солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ зиёда аз 40 ҳазор нафарро ташкил медод. Кормандони гестапо рутбаҳои махсуси хидматӣ дошта, шахсони аз ҷониби онҳо дастгиршуда бе муҳокимаи судӣ ба маҳбас ва конслагерҳо фиристода мешуданд. Танҳо дар аввали соли 1939 бо пешниҳоди гестапо тақр. 225 ҳазор нафар ба ҳабс гирифта шуданд. Гумоштагони гестапо берун аз ҳудуди Олмон ҳамчун ҷосусони ҳарбӣ ва сиёсӣ фаъолият намуда, дар куштори оммавии шаҳрвандони ИҶШС ва дигар мухолифони сиёсии низоми фашистӣ даст доштанд. Пас аз мағлубияти Олмон дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мурофиаи Нюрнберг (1945-46) гестапоро ташкилоти ҷиноӣ эълон кард.

  • Мельников Д. Е., Черная Л. Б. Империя смерти: Аппарат насилия в нацистской Германии, 1933-45. М., 1987;
  • Гестапо: история тайной полиции Гитлера, 1933—1945/Пер. с англ. М., 2006.