Гигантҳо
Гигантҳо (юн.-қад. Γίγαντες) — дар асотири Юнони Бостон писарони азимҷуссаи илоҳа Гея ва худои осмон Уран, ки алайҳи худоёни Олимп ва Ҳеракл мубориза мебурданд.
Мутобиқи асотири юнонӣ Уран аз тарси маҳрум шудан аз маснади хеш фарзандони тавлидшудаашро зери замин гӯр мекард. Гея фарзанди охиринаш Кроносро аз шавҳар ниҳонӣ калон карда, алайҳи падараш шӯронид. Кронос падараш Уранро ғофилгир намуда, ахта кард ва аз хуни ӯ махлуқони азимҷуссаи даҳшатноке рӯиданд, ки сари ҳавлангез ва қисми поёни бадани аждаҳошакл доштанд. Шумораи гигантҳо мувофиқи ривоятҳо аз 13 то 150 тан буда, дар муҳорибаи зидди худоёни Олимп мағлуб шуданд ва дар дунёи зулмоти зеризаминӣ маҳкуми ҳабси абадӣ гаштанд. Бозёфти ҷасадҳои азимҷуссаи инсоният (дар Мехсика, Перу Тунис, Техас, Марокаш, Австралия, Испания, Гурҷистон ва ғ.), ёддоштҳои Ибни Фазлон ва Абуҳомид ал-Ғарногӣ дар бораи дидани устухонҳои инсони азимҷусса дар Булғористони Волга, навиштаҷотҳои ведоӣ, шумерию аккадӣ, қиссаҳои қуръонӣ дар бораи азимҷусса будани қавми Од (Қуръон: 11,52) шаҳодати он аст, ки дар замонҳои қадим гигантҳо дар сайёраи Замин зиндагӣ мекарданд. Имрӯз фарзияҳои илмӣ дар бораи бунёд шудани аҳроми Миср ва дигар иншооти ҷаҳон аз ҷониби гигантҳо низ вуҷуд дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гигантҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.