Гидраргиллит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гидраргиллит
Формула Al(OH)3
Примесь известны примеси Fe3+ и Ga3+, замещающие в структуре A13+[1]
Блеск Стеклянный, перламутровый
Твёрдость 2,5—3,5[1]
Спайность хорошая[1]
Плотность 2,3—2,4[1] г/см³
Сингония моноклинная

Гидраргиллит, гиббсит[1] (юн. hydor + argillos, об ва гили сафед) — минерал бо формулаи шимиёии γ-Al(OH)3 (баъзан α-Al(OH)3[2]). Таркибаш аз 65,4 % гилзамин (Al2O3) ва 34,6 % об (H2O) иборат аст. Баъзан то 20 % Fe2O3 ва то 0,006 % Са2O3 дошта метавонад.

Сохтори кристаллбандиаш моноклинӣ; кристаллҳояш шакли тахтачаи шашкунҷа доранд. Дар шакли массаҳои хокамонанд, нахӯдшакл, лӯнда ва шорида низ вомехӯрад. Рангаш сафед, хокистарӣ, сурх, баъзан тобиши сабз дорад. Ҷилояш шишагун ва садафӣ. Сахтиаш 2,5-3,5, зичиаш 2300—2400 кг/м3. Вазни хоссаш 2,35. Гидраргиллит дар натиҷаи ҳидролиз ва вайроншавии силикатҳои алюминийдор, дар минтақаҳои фарсоиши кимиёӣ ҳосил мешавад. Ҳамроҳи дигар ҳидрооксидҳои алюминий (диаспор, бёмит ва оҳан) манбаи асосии истеҳсоли алюминий мебошад. Конҳои гидраргиллит дар Русия (ноҳияи Тихвини вилояти Ленинград, Урали Шимолӣ), Ҳиндустон, Гвинея ва дигар ҷойҳо кашф шудааст. Дар таҳшинҳои давраи карбони боло — перми поёни Тоҷикистон низ дучор меояд.


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Гидраргиллит // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
  2. N.N. Greenwood and A. Earnshaw, «Chemistry of Elements», 2nd edition, Butterworth and Heinemann, 1997

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]