Гилбӯта

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гилбӯта, гили бӯта — навъе аз гил, ки дар муқовамат бо оташ тобовар аст, гили оташбардор (ба 1600‒16700 тоб меорад).

Рангаш хокистарии сабзтоб, сафед. Ҳангоми бо об сириштан ғоз медиҳад. Гилбӯтаҳое, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, тақр. 50 млн сол муқаддам дар қаъри кӯлҳои давраи палеоген таҳшин шудаанд. Гилбӯта ба гурӯҳи гилҳои каллоидии бентонитӣ мансуб буда, аз зарраҳои монтмориллонит ва каолинит иборат аст. Дар таркиби гилбӯта ғайр аз оксидҳои Si ва Al, ҳамчунин H2O, MgO, CaO вуҷуд доранд. Бино ба ақидаи олими маъруфи тоҷик акад. Р. Баротов гилҳои оташбардор маҳсули обшӯю таҳнишини маводди бодхӯрдаи қишри ҷисмҳои қадимист. Қабатҳои гилбӯтаи сафед ҳамон вақт ба вуҷуд омадаанд, ки қишри ҷисмҳои бодхӯрда дар натиҷаи таҳрикаи кӯҳпайдоиш гирифтори обшӯй шудааст. Таркиби табақаи таҳшин асосан ба рушди қишри ҷисмҳои бодлес марбут аст. Дар мавриди маҳдуд будани қишри ҷисмҳои бодлес таҳшини сафедгилу гилрег ба вуҷуд меояд. Ҳаҷми зиёди қишри ҷисмҳои бодлес боиси он мешавад, ки дар қабати сафедгилу гилрег табақаи захими гилбӯтаи сафеди камғоз (оташбардор) ташаккул ёбад. Ба қавли олими рус В. П. Петров, пайдоиши гилбӯта ба пайдоиши боксит (маъдани Al, ки аз ҳидроксиди гилхока ва Fe иборат аст) сахт марбут мебошад. Гилхока ҷузъи асосии гилбӯта аст ва маҳз миқдори он сифату қимати оташбардории гилро муқаррар месозад. Дар таркиби гилбӯта гилхок ҳар қадар зиёд бошад, он ҳамон қадар пурбаҳост. Гилбӯта дар ИҶШС фаровон истихроҷ мешуд, зеро ашёи муҳим барои саноати филиззот буд. Яке аз навъҳои гилбӯта, ки бо номи гилварақ маъруф аст дар қитъаҳои камҳаракати кӯлҳо (дур аз соҳил) дар натиҷаи шӯшабандии таҳшинҳо пайдо шудааст. Сабаби варақӣ будани гил дар таркиби он мавҷуд будани битум аст.

Гилбӯта хосияти давоӣ дорад. Ибни Сино дар рисолаи «Алвоҳия» овардааст, ки «Хамираи гилбӯта… дар илоҷи нохунаи чашм давои аҷиб ба шумор меравад». Имрӯз ҳам табибони мардумӣ гилбӯтаро давои бисёр дардҳо медонанд. Соли 1927 олимони рус Н. А. Монтеверде ва А. Ф. Гаммерман дар маҳалҳои гуногуни Осиёи Марказӣ гилбӯтаи атторону дорухонаҳои вақтро таҳқиқ карда, ба хулоса омаданд, ки таркиби он аз равған иборат аст. Ба қавли онҳо гилбӯта доруи мусҳил мебошад. Онро ба об андохта меомезанд, сипас таҳшин карда, ҳамчун омили табшикан менӯшанд. Барои истеҳсоли маснуоти кулолӣ, чиниворӣ ва ғ. истифода мешавад. Дар гузашта аз гилбӯта барои гудозиши филиззот бӯта месохтанд. Гилбӯта аз ҷинси гилҳои дергудоз буда, дар таркибаш минерали каолин дорад (30-42 % гилхок AL2О2). Ҳарор. оташбардориаш ба 1600—1670 дараҷа мерасад. Конҳои гилбӯта дар Тоҷикистон дар Султонобод, нишебии қ-кӯҳҳои Ҳисор, ноҳияҳои ВМКБ ва Кӯлоб мавҷуданд.

Яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе Гулбута (гилбӯта) ном дорад, ки далели мавҷуд будани ин навъи гил дар пойтахт аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Халифаев Д., Ҳоҷиматов М. Гил ва гилдавоӣ. Д., 2002.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]